АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ Ванҷ.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 40 фоиз афзудРаиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали сол ба таври фишурда маълумот дода, гуфт, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия дар ин давра қонеъкунанда ҳастанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди саноат, кишоварзӣ ва сохтмон нисбати соли гузашта 19 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад, 44 фоиз афзоиш ёфт. Ин аз бисёр ҷиҳат ба фаъол гаштани корхонаҳои коркарди мармар, ҶДММ «Хрустал» ва муътадил фаъолият намудани шабакаҳои барқии ноҳия алоқаманд аст. Бо вуҷуди он ки аз лиҳози таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯи барқ Ванҷ нисбат ба дигар ноҳияҳо пешрав аст, иқтидори тавлидотии ҳамаи нерӯгоҳҳои барқии ноҳия барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз басанда нест. Айни ҳол шабакаҳои барқии ноҳия 2,6 мегават барқ истеҳсол мекунанд, аммо барои он ки дар қаламрави ноҳия корхонаҳои нисбатан пуриқтидори саноати кӯҳӣ сохта, ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр шурӯъ намоянд, беш аз 5,6 меговатт қувваи барқ зарур аст. Мо умед дорем, ки бо пайваст гардидани шабакаҳои энергетикии ноҳия ба шабакаи муттамаркази энергетикии ҷумҳурӣ, ки то охири соли равон пешбинӣ гардидааст, ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳам пешравиҳо кам нестанд. Ванҷ махсусан барои рушди боғдорӣ имкониятҳои зиёд дорад ва имрӯз қисмати зиёди мева аз ноҳия ба дигар минтақаҳои кишвар содир карда мешавад. Соли равон дар қаламрави ноҳия ба ҷои 8 гектари дар нақша пешбинишуда, 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Нақшабандии кишти зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ роҳандозӣ мегардад. Ба хотири он ки талаботи аҳолӣ ба зироатҳои лӯбиёгӣ зиёд аст, майдони кишти ин зироатҳоро нисбати солҳои пешин хеле зиёд намудем.1 168Охват (люди)22Взаимодействия-3,5x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

77Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *