АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢн. Ишкошим.

Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ бештар аз 29,8 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 15 фоиз баробар шуд. Нақшаи даромади худӣ ба буҷаи ноҳия 105,3 таъмин гашт. Сифатнокии иҷроиши буҷет, ба ғайри андоз аз соҳибони нақлиёт иҷро гардид. Сабаби иҷро нашудани андоз аз ин намуд ба он алоқаманд аст, ки қисмати зиёди нақлиёти куҳнашуда, ки аз истифода баромадааст, аз қайди бозрасии давлатии автомобилӣ бароварда нашудааст. Барои аз миён бардоштани ин қазия комиссияи махсус дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил шуда, дар давоми ду моҳи оянда ин мушкилот аз миён бардошта мешавад,-иброз дошт Мирзозода Мӯсо Одинамамад.Дар нимсолаи аввали соли равон нисбати ҳамин давраи соли гузашта бонкҳо ба аҳолӣ бештар аз 2,1 миллион сомонӣ қарз доданд. Воридоти маблағ аз хориҷи кишвар назар ба шаш моҳи соли гузашта қариб 13,5 миллион зиёд шуд. Аммо дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 40 фоиз кам гардид ва сабабаш номураттаб кор кардани нерӯгоҳи барқии Намадгут дар фасли зимистон маънидод гардид. Барои таъминоти амнияти озуқаворӣ дар мавсими имсола майдони кишти картошкаю сабзавот зиёд карда шуд. Барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии шарикони рушд 9 амбор сохта ба истифода дода шуданд. Ҷиҳати дар давоми сол таъмин намудани аҳолӣ бо кабудӣ ва сабзавоти тару тоза 53 гармхона дар масоҳати 1705 мурабаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Пурсиши хабарнигорон аз раиси ноҳия асосан ба таъмини инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, пешгирии бемории Ковид-19 алоқаманд буданд. -Барои равнақи сайёҳӣ дар ноҳия имкониятҳо фароҳам ҳастанд ба ҷуз нарасидани кадрҳо,-гуфт раиси ноҳия. Соли 2019 бештар аз ҳафт ҳазор нафар ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, чашмаҳои гарму шифобахш, манзараҳои тамошобоби ноҳия дидан намуданд. Соли гузашта бо сабаби хуруҷ ва паҳншавии бемории коронавирус ягон сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия наомад. Хушбахтона, дар нимсолаи аввали соли равон 127 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ноҳия дидан намуданд.2 204Охват (люди)146Взаимодействия-1,8x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

1717Комментарии: 1Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *