ТАБОБАТ ВА ТАШХИСИ БЕМОРОИИ КОВИД – 19 РОЙГОН МЕБОШАД.

Дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон оид ба гузаронидани ваксинасия дар байни аҳолӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров посух дод, ки айни замон дар вилоят марҳилаи аввали ваксинасия ба охир расид. Ваксинасия бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад. Ба вилоят 5750 воя дохил гардида, дар мадди аввал кормандони муассисаҳои тиббии шаҳри Хоруғ, 72 фоизи кормандони тибби ноҳияҳои вилоят ва нисфи сокинони аз 60 сола болои шаҳри Хоруғ ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд. Бо дастрас гардидани ваксинаи навбатӣ ин кор идома дода мешавад. Фарид Музаффаров дар рафти нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки баҳри пешгирии бемории Ковид-19 дар шашмоҳи соли равон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони рушд 695 ҳазору 278 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Айни замон муассисаҳои табобатии вилоят бо доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва таҷҳизоти лозимӣ пурра таъминанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *