COVID – 19 БА ДАРОМАДИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ЗАРБАИ САХТ ВОРИД НАМУД.

Бо мақсади рушди соҳаи ҷаҳонгарди дар Тоҷикистон бо ташабусси Директори Дипартаменти маориф санъат ва фаъолияти иҷтимоии Фонди ҷамъияти кушодаи “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон Назархудо Дастамбуев ҳамоиши илмӣ –назариявӣ бо ҷалби мутахассисиони соҳаҳои таъриху фарҳанг ва бостоншиносӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ширкат варзида, бо назардошти табиати дилкашу тамошобоб ва ҷойҳои зиёди таърихиву қуллаҳои осмонбўс рушди соҳаи чаҳонгардиро асоси пешрафти вилоят маънидод намуд. Раиси вилоят қайд дошт, ки маҳз бо сиёсати пешгирифтаи дарҳои бози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар ин замина инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ рушду нумуъ ёфта, барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ҷойҳои таърихиву тамошобоби кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд. Қайд гардид, ки муттаасифона паҳншавии вируси тоҷдор дар якунимсоли охир боис шуд, ки теъдоди сайёҳон ба ВМКБ бамаротиб коҳиш ёфта, ба даромади ширкатҳои сайёҳӣ зарбаи сахт ворид намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур махсусан таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳангу ҳунар ва ёдгориҳои таърихи ниҳоят муҳим мебошад. Мусиқии суннати, рақсу суруд, урфу одатҳои мардумӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, хонаи урфии Бадахшонӣ ва дигар меросҳои таърихи метавонанд ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон мусоидат дошта бошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади азнавсозӣ ва барқарор намудани харобаҳои қалъа маблағҳои заруриро ихтисос дода, ахиран бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути Бонки ҷаҳони маблағи 4,5 миллион доллар барои барқарор намудани қалъаи Ямчун таъсис дода шуда, қарор аст, ки бо ин маблағи ҷудогардида, як қисми ин иншооти таърихи азнавсозӣ хоҳад шуд. Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳҳои ҳали рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳи муайян гардида, масъалаҳои вобаста ба рушди мероси фарҳангиву таърихи аз ҷониби мутахассисон ва олимон табодули назар сурат гирифт.и ещё 5

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *