ТАБРИКОТИ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Кулли кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар ҷодаи иҷрои вазифаи пурмаъсул ва хеле пурифтихор барору комёбиҳо таманно дорам.
Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Ибтидои солҳои 90-ум ҳодисаҳои маълуми дар кишвар рухдода, аз як ҷиҳат агар мушкилоти сангинро пешорӯи мақомоти милитсия оварда бошанд, аз ҷониби дигар нишон доданд, ки кормандони қавирода ва ватандӯсти милитсия ба савганд ва рисолати худ содиқ монда, баҳри барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ ва истиқрори сулҳу суботи иҷтимоӣ аз худ мардонагию диловарӣ нишон доданд. Дар ин ҷода ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва Давлату халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ному қаҳрамониҳои фарзандони содиқи худро фаромӯш нахоҳад кард ва корнамоии онҳо намунаи ибрат барои насли имрӯза ва ворисони оянда мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ба ӯҳдаи ин ниҳоди қудратӣ вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб менамояд. Ба зиммаи он аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.
Аз он ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар ин марҳила барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя расиданд.
Бо тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳону минтақа дар назди милитсия вазифаҳои нави муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуктаҳои муҳимро Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худашон таъкид менамоянд.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум,таҳкими сулҳу субот ва волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бо ҳамин умедҳо, бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номуси милитсия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.
Ид муборак ҳомиёни Ватан!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *