МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Возможно, это изображение (11 человек и люди стоят)
Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят и люди стоят)

Дар машварати назоратии назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳои рафти иҷрои қарори Раиси ВМКБ оиди нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии бистсолаи омузиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040, рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва масъалаи таҷлили арзанда аз Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, баҳри пешбурди фаъолияти минбаъда дар самтњои мазкур ба масъулин дастуру супоришњои мушаххас дода шуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати таъсис додани утоқҳои фаннии сикли табии – риёзӣ дар 313 муассисаи ҳудуди вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки нақшаи муайяни фаъолиятро дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби соҳибкорону шарикони рушд таъсис дода, корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Дар идомаи машварати назоратӣ барқияи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили арзанда аз Рўзи Парчами давлатӣ ба саҳми ҳозирин расонда шуда, Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ баён намуд, ки арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ эҳтиром намудани Ватану модари худ буда он пеш аз ҳама муаррифгари нангу номус, шарафу иқбол ва номи бузурги давлату миллат аст, аз ин рў дар сатҳи лозимӣ таҷлил намудани ин санаи фархунда барои ҳамаи муассисаҳову идораҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди вилоят ва насби ин муқаддасоти миллӣ дар бинову иншоотҳо баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *