ҶАЛАСА НАЗДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Возможно, это изображение (9 человек и люди стоят)
Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и в помещении)

23-уми ноябри соли равон ҷаласаи онлайнӣ дар ҳузури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва роҳбарони вазорату кумитаҳои инчунин бо иштироки иҷрокунанадаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят доир гардид, ки дар он оиди корҳои анҷомдодашуда аз рӯи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамову зимистони солҳои 2021-2022 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар оғози ҷаласаи онлайнӣ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбоев оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамову зимистони солҳои 2021-2022 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ахборот дода қайд намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани омодагии хоҷагии ВМКБ ба давраи тирамову зимистони солҳои 2021-2022 гуруҳи корӣ ба вилояти Бадахшон сарфарбар гардид. Дар баробари корҳои анҷомдодашуда муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар миқёси ВМКБ бо таҳлилҳои мушаххас маъруза намуд. Қайд гардид, ки масъалаи малағгузорӣ дар ВМКБ тибқи нақша барои харидории маводи асосии сухт ба холати имруза дар соҳаи маориф 93 фоиз тандурусти 71 фисад ва соҳаи фарҳанг 70 фоиз таъмин гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои нақшаи маблағгузорӣ дар соҳаи маориф, тандурусти ва соҳаи фарҳанг дар ноҳияҳо хусусан ноҳияи Мурғоб, ки мавсими зимистон дар он зиёдтар тул мекашад, ҳамагӣ 64 фоиз таъмин гардидааст. Дар робита ба захираи маводи асосии ғизоӣ иттилооъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маводи асосии ғизоӣ аз қабили орд 55 фисад, равған 46 фоиз, картошка 74 фоиз ва пиёз 95 фисад таъмин мебошад. Захираи маводи зиддилағжиш дар миёси ВМКБ мутобиқи нақша иҷро гардида вобаста ба соҳаҳои алоҳида дар шаҳру навоиии ВМКБ муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамову зимистони солҳои 2021-2022 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва сабаби иҷро нагардидани баъзе бандҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот дода қайд намуд, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ба ҳолати имруза таъминоти соҳаҳои маориф, тандурусти ва фарҳанг бо маводи асосии ғизоӣ аз ҷумла орд, равган, шакар, картошка, меваю сабзавот, консерваҳо ва дигар махсулоти озукаворӣ ба пуррагӣ таъмин мебошад. Мушкилоти асоси дар ин самт кам будани шумораи сардхонаҳо ва анборҳо барои нигоҳдории маҳсулоти озуқаворӣ маънидод карда шуд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида талаботи аҳолии вилоят, идораву корхонаҳо ба ангишт зиёда аз 14 ҳазор тоннаро ташкил дода то ба имруз 11 ҳазору 532 тонна ё худ 81 фоиз иҷро гардид.
Таъмини соҳаи маориф бо ҳезум ва ангиштсангро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят мушкилоти асоси унвон намуда қайд намуд, ки бо бунёди муассисаҳои типи нав муасисаи таълимии раками 4 дар ноҳияи Ванҷ, муассисаи таълимии рақами 7 ва 9 дар ноҳияи Рушон ва қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ талабот ба маводи сухт зиёд гардид. Аз ин ру иваз намудани талабот ба итифодаи ангиштсанг бояд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дида баромада шавад.. Зеро талаботи муассисаҳои типи нави дар боло зикргардида дар як сол ба ангиштсангу ҳезум наздики 130 тонна мебошад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми ҷаласаи онлайнӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, аъзоёни ситоди вилоятӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷиҳати бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 супоришҳои иловагӣ додан

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *