ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (один или несколько человек и люди стоят)
Возможно, это изображение (6 человек и люди сидят)


Возможно, это изображение (1 человек и стоит)

Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд.
Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро бо ин рузи муборак табрику муборакбод намуда қайд доштанд, ки Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанўз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.
​ ​ ​ ​ Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд​ ва он парчам рамзи як давлати нерўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо​ дар​ ​ роҳи​ ҳифзи​ ​ Ватану​ халқи худ мебошад.Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.
Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он​ мо дар роҳи ободии диёрамон ба дастовардҳои рўзафзун​ ноил хоҳем гашт.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҷашни Парчами давлатиро ба ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони ин диёри осмонбўс шодиву сурури​ идона таманно дорам.
Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари мо то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сўи ояндаи ободу осуда раҳнамун созад!
Дар чорабинии тантанавӣ инчунин ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Юсуфзода Гузорхон Амиршо, директори мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Қонунзода Шодигул, доктори илмҳои филологӣ Абдулназаров Абдулназар ва собиқадори меҳнат Маҳтобшоҳзода Арамбегим Бозор оиди таърих ва моҳияти Парчами миллии баромад намуданд.











и ещё 15


4 157
Охват (люди)
593
Взаимодействия
Продвигать публикацию

4949

Комментарии: 3
Поделились: 13

Нравится



Комментировать


Поделиться


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *