Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (автомобиль, на открытом воздухе и текст «тухфай сохибкорони вмкб BA шахри хоруf ба варзишгарони шахри хоруf»)
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, на открытом воздухе и дерево)

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба варзишгарони вилоят ҷиҳати саҳами арзанда гузоштан дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ нақлиёти мусофиркашро тӯҳфа намуданд. Тӯҳфаи мазкур хеле саривақтӣ буда барои варзишгарон ҷиҳати сафар намудан ба дигармусофиркаши кишвар мусоидат хоҳад кард.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ миннатдории самимонаи хешро ба соҳибкорони ватандӯсти вилоят изҳор дошта қайд намуд, ки дастгирии варзишгарони вилоят аз тарафи соҳибкорон ин нишони ватандӯст ва дар ҳали мушкилоти варзишгарони вилоят бетараф набудани соҳибкорон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *