АТО МИРХОҶА АЗ ХИЛВАТГОҲҲО БАРОЕД!

КОРИ ХУБ ШУД? 100 ПОСУХ БА ИСТИҚБОЛИ ШОИР АТО МИРХОҶА АЗ АФЗОИШИ НАРХИ... |  Интересный контент в группе ☆۞Памир ONE ۞☆

Қозидавлат Қоимдодов, Рудобаи Мукаррам, Қодири Қосим, Акрамшо Фелалиев, Шодӣ Шабдолов, Наҷмиддин Шоҳинбод, Варқа Охонниёзов, Шодихон Ҷамшедов, Акбаршо Искандаров, Маҳмадамин Маҳмадаминов, Мерган Шаҳбозов, Зеваршо Зеваршоев, Худоёр Худоёр, Шодавлат Шодавлатов, Шамсиддин Орумбекзода (даҳҳо мансабдорони ҳоливу собиқ, аҳли зиё ва шахсиятҳои дигаре, ки нуфузе доранд)… чандин вакили маҷлисҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии ВМКБ!
Ҳамаи шумо ба туфайли зодаи Бадахшон будан ба мансабҳои калон расида, соҳиби хонаву дар ва мақому мартаба шудед.
Барои ҷо кардани корнамоиҳоятон чанд ҷилд “Энсиклопедияи Бадахшон” ҳам камӣ мекунад, вале имрӯз, вақте ки сарнавишти халқу зодбуми шумо ҳал шуда истодааст, садоятонро намешунавем?!
Ё Бадахшон фақат барои Далер Ҷумъаев, Ёдгор Файзов, Азиз Гиёев, Ҷумъа Ҷумъаев, Парвона Ҷамшедов, Мамадшо Илолов, Зулфия Давлатзода, Ато Мирхоҷа ва монанди инҳо, ки пайваста андешаҳои мухолифашонро ба мағзи мардум ҷой карда истодаанд, лозим асту халос?!
Аз хилватгоҳҳоятон бароед ва ба халқатон рӯй намоед, ки вақти озмоиш ҳамин рӯзу шаб аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *