Саноат

Саноат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли 2019

Дар вилоят ба ҳолати ҳозира 210 корхона ва коргоҳҳои истеҳсоли мавҷуд буда, аз онҳо 42 адад ба таври расми ва 168 ба тариқи тадқиқот ба қайд гирифта шудаанд. Дар 12 моҳи соли 2019 корхона ва коргоҳҳои саноатии  вилоят ба маблағи 237,9 млн. сомони маҳсулот ва хизматрасониро ба иҷро расонидаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,3 фоиз зиёдтар мебошад.

Дар 12 моҳи соли 2019  аз 42 адад корхонаи ба таври расми ба қайд гирифташуда, 6 корхона ва коргоҳи саноати фаъолият надоштанд, инҳо дар шаҳри Хоруғ – ҶДММ “Зари Помир” ва ҶДММ “Помир Асал”, ноҳияи Дарвоз корхонаи коркарди ангишти “ВТИ -Помир”, корхонаи дўзандагии “Ахтари меҳр”, ноҳияи Ванҷ-ҶДММ “Мрамор Стоун” (сехи коркарди санги мармар) ва дар ноҳияи Рушон – коргоҳи коркарди обҳои  минералии ҶДММ “Помир асри 21” мебошанд. Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва коргоҳҳо ин надоштани иҷозатнома, фарсуда гардидани таҷҳизот, надоштани маблағи гардон, дастрас нагардидани ашёи хом, муфлис гардидани соҳибкор ва набудани бозори фурўши маҳсулот арзёби мегардад.

Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави кори қарори Раиси ВМКБ аз 31 декабри соли 2018, №486 дар бораи “Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноати дар ВМКБ барои соли 2019” ба тасвиб расида, дар асоси он дар соли 2019 бояд дар вилоят 16 адад корхона ва коргоҳ бо ҷалби 173 ҷойи кори ба истифода дода шуданд.

Дар соли 2019 дар вилоят 10 коргоҳи истеҳсоли бо ҷалби 34 ҷойи кори ба истифода дода шуданд. Инҳо дар ноҳияҳои Дарвоз  сехи истеҳсоли қуму шағал бо ҷалби 8 ҷойи кори, Ванҷ коргоҳи истеҳсолии блоки сементи (соҳибкор Маҳмадбеков Шаҳриёр) бо ҷалби 3 ҷойи кори, Рушон сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмони дар деҳаи Ёмс бо ҷалби 2 ҷойи кори, Шуғнон сехи истеҳсоли дару тиреза аз тарафи соҳибкор Носиров Б. бо ҷалби 3 ҷойи кори дар ҷамоати деҳоти Навобод, сехи коркарди чўб, масолеҳи рўзгори мардум бо ҷалби 2 ҷойи кори дар ҷамоати деҳоти Поршинев, сехи коркарди чўбу тахта дар ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов бо ҷалби 3 ҷойи кори ва сехи мурғпарвари дар ҷамоати деҳоти Сучон бо ҷалби 5 ҷойи кори,   Роштқалъа сехи коркарди пашм (Хоркашова Р.) бо ҷалби 4 ҷойи кори,  Ишкошим коргоҳи коркарди асбобҳои мусиқи (соҳибкор Масанов М.) ва  Мурғоб сехи дўзандагии соҳибкор Носирова Гулнамо бо 3 ҷойи кори сохта ба истифода дода шуданд.

Барои рушди соҳибкории хурду миёна бахусус, соҳибкории истеҳсоли ҳануз дар вилоят мушкилот зиёд аст ва яке аз монеаҳо бо фоизи баланд пешниҳод гардидани қарзҳо аз тарафи бонкҳои дар вилоят фаъолиятдошта мебошад. Барои аҳолии минтақаҳои кўҳи, аз ҷумла Кўҳистони Бадахшон фоизҳои баланди бонки (24-36 фоиз) комилан мусоидат намекунад. Дар асоси таҳлилҳои мутахассисон соҳибкориро метавон аз тариқи дастгирии комплекси дарёфти қарзҳои муносиб барои шароити пардохти воқеии онҳо инкишоф додан мумкин аст. Ба таври истисно таъсис додани портфели махсуси қарзи имтиёзнок, аз ҷумла қарзҳои хурд барои соҳибкорони вилоят ниҳоят муҳим мебошад. Ин албатта ба коҳиш додани сатҳи бекори ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Дар давоми соли 2019 аз ҷониби муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкори» – и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба 3 субъекти соҳибкори оид ба бунёди коргоҳи хурди истеҳсоли бо таъсиси 10 ҷойи кори ба маблағи 778,0 ҳазор сомони қарзҳои имтиёзноки давлати  ҷудо карда шуда, аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Соҳибкори ва рушд” бошад 33 субъектҳои соҳибкори ба маблағи зиёда аз 2,6 млн сомони қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон санаи 6-7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест – 2019” баргузор шуд. Дар Форуми мазкур беш аз 170 нафар иштирокчи (30 нафар сармоягузорони хориҷи), аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлати, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019” рўзҳои 7–8 август баргузории як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла шиносои бо имкониятҳои сайёҳии вилоят, боздид аз корхонаҳои истеҳсоли ва дигар чорабиниҳои марбут ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорию дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд.

Ягона  ҷанбаи  стратеги, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят такони ҷидди мебахшад, ин рушди соҳаи саноати кўҳи мебошад.  Роҷеъ ба ин, дар ҳудуди ВМКБ 12 кон, 54 зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои ангишт, зуҳуроти ояндадори оҳан, манган, мис, тилло, қалъаги, волфрам, ашёи гилхоки алюминийдор, инчунин хок барои истеҳсоли хишт, семент, зуҳуроти ояндадори нуқра ва кони калонтарини ашёи боросиликат, намак, молибден, висмут, асбест, ашёъ барои истеҳсоли оҳаксанг ва хоки омехтаи регу қум барои истеҳсоли шиша муайян шудаанд. Инчунин, аз рўи маълумоти мутахассисони соҳа ба ҳолати кунуни дар ҳудуди вилоят зиёда аз 200 зуҳуроти канданиҳои фойданок ба қайд гирифта шудааст.

Самти дигари афзалиятноки вилоят ин рушди соҳаи гидроэнергетика муайян карда шуда, барои ҳарчи тезтар тезондани оғози корҳои сохтмони дар   нерўгоҳи  барқи  обии “Себзор”-и ноҳияи Роштқалъа як катор корҳо ба сомон расонида шуда, умед аст, ки аз моҳи майи соли 2020 корҳои сохтмони оғоз хоҳанд гашт.

Оид ба лоиҳаи сохтмони НБО-и “Себзор” дар дарёи Шохдара қайд кардан зарур аст, ки то имрўз ба маблағи 276,2 ҳазор доллари ИМА дастгоҳи шағалтайёркунӣ харидорӣ карда шуда, ҳаҷми зарурии сангу шағал аз рўи 6 фраксия коркард ва захира карда шудааст. Инчунин, барои фаъолияти ҳамарўзаи таҷҳизоти бо барқ коркунанда зеристгоҳи нав бо тавоноии 35/0,4кВ васл карда шуд. Дар маҷмуъ, то имрўз дар қитъаи сохтмонӣ барои омодасозии майдонча ва панҷарабандии он, истеҳсоли сангу шағал маблағи умумии 398,6 ҳазор доллари ИМА харҷ карда шуд.

Дар даҳаи якуми моҳи декабри соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи Созишнома оиди пешниҳоди дастгирии молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи “Сохтмони НБО-и Себзор” аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағи грантии 20 миллион евро ихтисос дода шуд. Маблағи мазкур дар якҷоягӣ бо маблағи пештар аз тарафи Ҳукумати Олмон дар ҳаҷми 17 млн. евро тавассути Бонки рушди Олмон ҷудо шуда дар маҷмӯъ маблағи 37 млн. евраро ташкил медиҳад, ки барои сохтмони НБО-и мазкур сарф хоҳанд шуд.

Дар якҷоягӣ бо сохтмони НБО инчунин бунёди ХИБ-и 110кВ “Себзор-Хоруғ” дар масофаи 18 км ба нақша гирифта шуда, дар он корҳои лоиҳакашӣ ба охир расонда шуда, лоиҳа дар марҳилаи гузарондан аз экспертизаи давлатӣ қарор дорад. Айни замон корҳои иловагӣ аз тарафи ширкати олмонию швейтсариягӣ оид ба тарҳрезӣ ва санҷишҳои геологӣ идома дошта, дар назар аст, ки то охири моҳи марти соли 2020 ба анҷом расонда шавад.

Ба ғайр аз ин корҳои омодасозии тендерӣ оиди сохтмони бинои маъмурии лагери сохтмонӣ ва роҳи муваққатии автомобилгарди  Хоруғ – Роштқалъа дар минтақаи сохтмонӣ ба масофаи 3,4 км дар арафаи анҷомебӣ аст. Ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои мувофиқа ба Бонки Рушди Олмон пешниҳод карда шуданд. Озмун оид ба марҳилаи сохтмони иншоотҳои асосии НБО-и “Себзор” то охири нимаи аввали соли 2020 эълон шуда, корҳои сохтмонӣ аз моҳи сентябр оғоз карда мешаванд. Оғози худи корҳои сохтмонӣ дар семоҳаи сеюми соли 2020 дар назар дошта шуда, анҷоми амалисозии лоиҳа охири соли 2022 дар нақша гирифта шудааст.

Барои самаранок истифода намудани захираҳои мавҷуда системаи энергетикии вилоят тибқи Шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ширкати энергетикии Помир ба мўҳлати 25 – сол  ба  иҷора  дода  шудааст. 

Дар вилоят ба ҳолати ҳозира 53 адад нерўгоҳи барқи обии хурд, ки аз онҳо 11 ададашон дар тавозуни Ширкати «Помир Энерҷи», 3 адад дар тавозуни ҶДММ «Ориён ГЭС» ва 39 адад дар тавозуни ноҳияҳо мебошанд. Иқтидори нерўгоҳҳои мавҷудбуда ба ҳолати ҳозира 48,6 ҳазор кВт мебошад, ки ин 0,5 фоизи иқтидори мавҷудбудаи энергетикии дарёҳои вилоятро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли 2019 дар вилоят ба миқдори 137,0 млн. кВт соат нерўи барқ истеҳсол карда шудааст. Иқтидори нерўгоҳҳои барқии вилоят барои рушди соҳаи кўҳкори ва ташкили корхонаҳои истеҳсоли басанда нест. Ин миқдори нерў танҳо талаботи маишии аҳолиро қонеъ мегардонад. Ҳамчунин, имкон аст, ки дар вилоят истеҳсоли обҳои минерали, масолеҳи сохтмони, аз қабили оҳаку сементи хушсифат истеҳсол ва содирот карда шавад.

           Новобаста аз муваффақиятҳои бадастомада дар саноат мушкилоти ҳалталаби зерин боқи мондаанд:

  1. Норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва фоизи баланди қарзҳои бонки. То ба ҳол фоизи қарзҳои бонки солона аз 22 то 36 фоизро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи миёнаи даромаднокии корхонаҳои саноати баланд мебошад. Чунин вазъ ба рушди корхонаҳои саноати дар давраи миёнамуҳлат монеа эҷод намуда, корхонаҳо наметавонанд бо истифода аз захираҳои молиявии ватани рушд намоянд;
  2. Фарсудашавии таҷҳизоти истеҳсоли, ки ба истеҳсоли маҳсулоти пастсифат, харҷи зиёди энергия, меҳнат, масолеҳ ва коҳишёбии рақобатпазирии маҳсулот оварда мерасонад.

           Бояд қайд намуд, ки рушди босуръати кишвар, бахусус рушди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз равнақ додани саноати кўҳи вобастагии калон дорад. Борои амали намудани ҳадафи саноаткунонии босуръати кишвар дар вилоят бо роҳи ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсоли аз қабили:

  1. Баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои коркарди ашёи хоми маҳалли.
  2. Чораандеши барои ҷалби сармоягузори, ҷиҳати навсози ва такмили инфрасохтори корхонаҳои саноати;
  3. Тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷи.
  4. Дар робита бо бонкҳо ва ташкилоти қарзии дохиливу хориҷи мусоидат ба дастраси ба маблағҳои қарзии имтиёзнок;
  5. Ташаккул ва амалисозии маҷмўи тадбирҳо ҷиҳати таъмини сифати маҳсулоти мутобиқ ба стандартҳои амалкунандаи дохилию байналмилали (таъмини рақобатпазирии маҳсулоти маҳалли).
  6. Зиёд намудани номгўи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда дар асоси коркарди захираҳои ашёи хоми маҳалли, қабл аз ҳама дар комплекси агросаноати (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот), комплекси сохтмон, саноати кўҳи, саноати сабук ва хўроквори.