Тандурустӣ

            фаъолияти муассисаҳои тандурустии ВМКБ дар соли 2019

Фаъолияти Раёсати тандурустии вилоят дар  соли 2019, баҳри амали гардонидани нақшаи кори аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасди

 шуда, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаҳои соҳави, Қарорҳои Раиси ВМКБ, ки дахлдори соҳаҳанд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ба ин самт равона гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тибби ба аҳоли, кушиш ба харҷ дод.

Роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят бо масоили баланд бардоштани сатҳу  сифати хизматрасонии  тибби, одоби муошират, вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешгири  ва мубориза бар зидди бемориҳои сирояти ВНМО,  сил,  вараҷа ва бемориҳои ғайрисирояти пурзур намудани  корҳои тарғиботиву ташвиқоти ҷиҳати ташакулли тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба чорабиниҳои солимгардони ва тавонбахши таваҷҷуҳи ҷидди зоҳир менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳоли, ҳамасола маблағгузории соҳаро афзоиш медиҳад.

Қабули қонунҳо оиди соҳаи тандурусти, Барномаҳои соҳави, Нақша ва Стратегияҳои соҳави, сол аз сол зиёд гардидани маблағгузории соҳа, беҳтар гардидани заминаҳои моддиву-техникии муассисаҳои табобатию профилактики, дастгирии фаъолияти тибби хусуси аз таваҷўи беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Оли, мўҳтарам Эмомали Раҳмон, нисбати соҳаи тандурусти, шаҳодат медиҳад.

Дар соли 2018 барои соҳаи тандурустии вилоят маблағи 67449454 сомони пешбини гардидааст, ки ин нисбати маблағгузории соли 2017- 7,7% ва дар соли 2019 барои соыаи тандурустии вилоят 75056865ыазор  сомони ьудо гардидааст, ки ин нисбати соли 2018-14% зиёдтар мебошад. Нақшаи буҷети соли  2019 бо тағйиротҳо 77495351 сомони ташкил дода иҷроиши он  ба  маблағи  74млн 476 ҳазору 847 сомони ҷудо гардида,   ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 96,1 %-ро ташкил медиҳад. Даромад аз ҳисоби маблағҳои махсус дар соли ҷори  4млн 406ҳазору 170 сомониро ташкил дода, ки ин нисбати нақшаи пешбинишудаи барои соли 2019 (5млн 154 ҳазор 800 сомони ) 85,5 %-ро ташкил медиҳад.

  Дар аввали  моҳи марти соли ҷори дар машварати васеи назди  Раиси вилоят рафти иҷрои Қарори раиси вилоят аз 19.05.2011, №179 «Оид ба иьрои Щарори Ыукумати Ьумыурии Тоьикистон аз 1.04.2011, №169  «Дар бораи тасдищи Нащшаи Стратегии таьдиди муассисаыои тиббии Ьумыурии Тоьикистон барои солыои 2011-2020», Қарори раиси вилоят аз  1.04.2013 сол, №93 «Оид ба иьрои Щарори Ыукумати Ьумыурии Тоьикистон аз 3.12.2012сол, №676  “Дар бораи Барномаи Дурнамои пешгирии бемориҳои ғайрисирояти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  мавриди  муҳокима  қарор дода шуд ва қарори дахлдор оид ба амали  гардонидани барномаҳои мазкур қабул гардид.

Дар соли ҷори,  Шӯрои  ҳамоҳангсозии “Барномаи  пешгирии ВНМО/БПНМ, бемории сил ва вараҷа”, “Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” , “Барномаи Дурнамои пешгирии бемориҳои ғайрисирояти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  бо иштироки муовини Раиси вилоят сарпарасти соҳа баргузор гардида дар рафти шӯро таҳлили сатҳи беморишавии аҳоли аз ин намуди бемори ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа баҳри паст кардани сатҳи беморишави дар вилоят мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ва созмонҳои байналхалқи (ғайридавлати), сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таббобатию-профилактикии вилоят барои соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмони идома ёфта истодаанд.

Сохтмони Беморхонаи замонави дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шугнон барои 70-кат, бо маблаггузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 22млн 778 ҳазор сомони идома ёфта ба ҳолати ҳозира корҳои  сохтмони ба андозаи 2млн 941ҳазор сомони ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли ҷори барои идома додани корҳои сохтмони 300 ҳазор сомони аз тарафи  Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Сохтмони бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии МИМҲД – и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн 779 ҳазор сомони ба анҷом расонида  шуда , бо таъҷизотҳои муосири тибби ва асбобу анҷоми кори таъҷизонида шуд ва бо 2-адад мошинаи ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER  таъмин гардонида шуд ва бо иштироки Раиси вилоят тантанавор мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони коллеҷи тиббии замонави бо толори варзиши  барои 240 донишҷӯй ва  хобгоҳ барои 70-ҷой дар маҳаллаи Бар–Хоруғ  бо маблағгузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. 304 ҳ. сомони сохта бо таҳҷизотҳои замонави муҷаҳаз гардонида шуда, бинои замонавии Коллеҷи тибби бо иштироки Раиси вилоят ва муовини Вазири  тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба исифода дода шуд.

Сохтмони беморхонаи минтақавии Куна-Қурған бо маблағгузории  Сафорати Ҷопон ба маблағи  838ҳ 500 сомони сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои  нави беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 млн 300-ҳазор  сомони  оғоз  гардида, дар соли ҷори барои идома додани корҳои сохтмони 600 000 сомони ҷудо гардидааст ва то ба имрӯз аз ин маблағҳо 675- ҳазор сомони иҷро гардидааст. Таъмири асоси ва азнавсозии  марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Вранг ба маблағи 1млн 360ҳазор ва  Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим бо маблағи 1млн 415ҳазор сомони,  бо дастгирии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, бо таҳҷизотҳои замонавии тибби таъмин гардонида шуда мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Дар доираи дастгирии лоиҳаи  “Бехатаркунии хизматрасонии тибби”- барои марказҳои номбурда 2-адад нақлиёти ёрии таъҷили дастрас гардонида шуд. Барои беморхонаи минтақавии Вранг мошинаи ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER бо дастгирии Сафорати Америко ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмин гардонида шуд.

 Раёсати тандурустии ВМКБ бо дастгирии Вазорати тандурустии Ьумыурии Тоьикистон  моыи феврали соли 2019 – 671 адад  тачыизоти тибб=  ба маблаци 465 ыазору 953 сомон= , моыи апрел -365 адад тачыизоти тибб= ба маблаци 2млн 173 ыазор472  сомон=,  моыи май – 1 маьмуи иловагии таьдидшаванда ба маблаци 6771,9 сомон= , моыи июл- 1адад дастгоыи ултарсадои доплери бо се датчик ва принтерва(барои беморхонаи вилоятии дил) 1 адад дастгоыи рентгении сайёр(барои Беморхонаи марказии ноыияи Шуцнон) ба маблаци 209 ыазору 500 сомон=,  1 адад дастгоыи ултрасадо( барои беморхонаи марказии Мурцоб) ба маблаци 21 ыазору 111 сомон=, моыи августи соли ьор= 45 адад  ба маблаци 1млн 582ы.910 сомон= ва моыи сентябри соли 2019 барои КАТС-и ноыияи Вань 1 адад автоклав ба маблаци 31 ыазор сомон= ва барои беморхонаи бемориыои дили вилоят 1 адад велосипеди кардиолог= ба маблаци 93ыазор  сомон=,   ки дар маьм\ъ 4 млн 583ыазору 717 млн  сомониро ташкил медиыад,   дастрас гардид.

Бо дастгирии ЮНИСЕФ барои ноыияи Давроз 20 адад тачыизоти тибб= ба маблаци 343 ыазор сомон= , барои ноыияи Мурцоб 29 адад ба маблаци 377 ыазор сомон= ва барои ноыияи Ишкошим 23 адад ба маблаци 355 ыазор сомони, ки дар маъм\ъ 1млн 075 ыазор 000 сомониро ташкил медиыад,   дастрас гардид.

Дар соли ьор= бо дастгирии шарикони рушд, (Сафорати Амрико) 4 адад мошинаи ёрии таъьил=, 1 адад  барои беморхонаи вилоятии шаыри Хоруц, 2 адад барои шабакаи ёрии таъьил= ва 1 адад барои беморхонаи марказии ноыияи Ишкошим ба маблаци 203600  доллари амрико= дастрас гардид.

 Таҳлили  вазъи  бозомузи ва такмили ихтисоси  кормандони соҳаи  тандурусти  дар вилоят  низ  беҳбудии  ҷиддиро  металабад.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба натиҷаи ҷараёни сафари кори ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз 11 сентябри соли 2018 ва протоколи №2-и ҷаласаи ситоди сайёри Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 апрели соли 2019, аз ҷониби МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 65 нафар табибон ва 74 нафар  кормандони миёнаи тибби вилоят (ҳамаги 139 нафар) давраҳои такмили ихтисос дар шаҳри Хоруѓ б атаври сайёр гузаронида шуданд.

Дар нақшаи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи таъмири муассисаҳои эҳтиёҷотдоштаи дигар ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла, ноҳияҳои  Рушон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри  Хоруғ дар назар аст, ки дар  соли ҷори амали хоҳанд гашт.

Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷори  7 -адад нақлиёти НИВА ВАЗ 2014 ва як адад нақлиёти боркашонии махсусгардонидашуда аз ҳисоби ГАВИ дастрас гардиданд. Дар нақшаи вазорат иловаги харидории 7- адад нақлиёти ёрии таъҷили (амбуланс) аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилали ба нақша гирифта шудааст.

Дар  соли 2019 ба аҳоли дар 400  муассисаҳои шифоиву пешгири, ки зиёда аз 227 адади  онҳо муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию-санитари, 36 адад муассисаҳои  Хадамоти бистарикунони, 9  адад марказҳои назорати  давлатии санитарию – эпидемологи  ва 62 адад  муассисаҳои  тибби  ки фаъолияти ҳамгирои доранд, хизмати тибби расонида мешавад.

         Ҳамзамон барои назорати фаъолияти муассисаҳои табобатию-профилактики дар вилоят, Раёсати Хадамоти  назорати давлатии дар соҳаи тандурусти фаъолият мекунад. Дар вилоят дар соли 2019- 9 муассисаи фаъолияти хусуси дошта фаъолият намуда, аз онҳо 3 муассисаи фаъолияти хусусии дандонпизишки, 6–муассисаи ташхиси, 1-муассисаи кори ҳамшираги ва 58 адад дорухонаҳои шахси фаъолият мекунанд.

Дар муассисаҳои табобатии-профилактикии вилоят 491 -нафар табибон ва 1971 нафар кормандони миёнаи тибби машғули коранд.

Нишондоди таъминоти аҳоли бо табибон (дар 10 000 аҳоли) 22,6 ва  кормандони дорои маълумоти миёнаи тибби ба 90,2 баробар аст. Ба ҳолати ҳозира -16 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳ дар заминаи беморхонаи вилояти ва дигар муассисаҳои табобатию профлактикии вилоят аз зинаи интернатура гузашта истодаанд ва 32 нафар хатмкунандагони ДДТТ ба номи А Сино баъд аз хатми интернатура дар муассисахои табобатию профилактикии вилоят аз чойи кор таъмин карда шуданд, ки аз ин теъдод 12 нафарашон тибқи квотаи Президенти ДДТТ хатм намудаанд.

Бо назардошти супориши Протоколии “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кори ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоби ВМКБ аз 11 то 15 сентябри соли 2018” , дар  соли 2019 барои хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии вилоят дар маҷмӯ  94 квота аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илми ҶТ муқаррар гардида, ҷиҳати истифодабарии мақсаднок, самарабахш ва интихоби хатмкунандагон ва довталабон ва пешгирии омилҳои коррупсиони, корҳои фаҳмондадиҳи, тарғиботи ва ташвикоти рафта истодааст.  Дар баробари ин, вобаста ба иҷроиши банди 85, таъмини эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии вилоят ба мутахассисони соҳибкасб пурра таҳлил гардида, маълум гардид, ки дар муассисаҳои  тиббию профилактикии вилоят аз 760 басти воҳидҳои кори , 491 табиб бо банди 701 воҳиди кори фаъолият дошта, ҳамаги 59 басти воҳиди кори холи мебошанд. Бояд зикр намуд, ки 71 нафар мутахассисони фаъолиятдошта дар муассисаҳои тандурусти ва профилактикии вилоят дар синни нафақа қарор доранд.

Айни замон дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино” аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 219 донишҷӯи ва дигар муассисаҳои таълимию илмии зертобеи вазорат 37 нафар муҳассилини баъдидипломи таҳсил доранд. Аз 219 донишҷуи ДДТТ 109 нафар тибқи квотаи Президенти, 51 нафар ба тариқи шартномави ва 59 нафар тариқи буҷави , 30 нафар дар курси 1, 35 нафар курси  -2, 34 нафар дар курси -3, 41 нафар курси-4, 39 нафар курси-5 ва 40 нафар дар курси 6-ум таҳсил доранд. Соли 2019,  37 нафар муҳассилини баъдидипломи таҳсилро хатм намуда, шомили муассисаҳои тибби профилактикии вилоят мешаванд. Аз онҳо  9 нафар хатмкунандаҳои ординатураи клиники, 25 нафар интернҳо, 2 нафар аспирантҳо ва 1 нафар доктор илмҳои тиб мебошанд.

Муассисаҳои Хадамоти бистарикунонии вилоят дорои 1918 кати табобати-профилактики мебошанд. Нишондоди таъминоти аҳоли ба катҳои табобати ба 86,0 кат дар 10 000 аҳоли баробар аст.

Аз тарафи муассисаҳои табобати – профилактикии вилоят дар соли 2019,  ба 30626- нафар беморон ёрии статсионари, ба 334114-нафар ёрии амбулатори,  ба 30808- нафар ёрии таъҷили, ба 214757- нафар ёри дар хонаҳо расонида шуд.

Самаранокии

истифодабарии  катҳои табобати дар муассисаҳои

тибби-профилактикии дар соли 2019  

Номгўй Миқдор
1 Гардиши катҳо 14,7%
2 Кори миёнаи катҳо 170,2 %
3 Ҳисоби миёнаи дар кат будан 11,6 %
Самаранокии истифодабарии катҳои табобати дар сатҳи муассисаҳои бистарикунонии ноҳияҳо  
Ноҳияи Дарвоз 45,0 %
Ноҳияи Ванҷ 68,3%
Ноҳияи Мурғоб 40,1 %
Ноҳияи Ишкошим 53,3 %
Ноҳияи Рўшон 34,6%
Ноҳияи Роштқалъа 39,9 %
Ноҳияи Шуғнон 38,2 %
Беморхонаи вилояти 86,3 %
Таваллудхонаи вилояти 39,5%

                                                    Нишондиҳандаҳои

демографии муассисаҳои тандурустии вилоят

 дар соли 2019

  Умуми   Нишондод
Таваллуди умуми 3418 89,6
Зоиш дар шароити хона 354 10,4
Фавти кўдакони аз 1 то 5 сола 14 4,1
Фавти кўдакони то 1 сола 31 9,1
Мурдатаввалуд 38 11,2
Фавти модарон 5 147,4
Исқоти ҳамл 236 69,6
Фавти умуми 886  
Сатҳи фарогирии занони қобили таваллуд бо маводҳои контрасептиви 18819 31,4

Аз рўи таҳлилҳои Маркази омори тиббии вилоят дар соли 2019, нишондиҳандаҳои демографи ба монанди фавти кӯдакони то 1 сола 31ҳодиса (9,1) ва дар соли 2018- 23 ҳодиса (6,1) ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2018 дар 8 ҳодиса  фавти кӯдакон зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Фавти кӯдакони аз 1 то 5 сола дар соли 2019- 14(4,1) ва  ин нишондиҳанда дар  соли 2018 -16(4,2) ҳодиса,  ба қайд гирифта шудааст ва 2 ҳодисаи фавти кӯдак дар соли 2019 камтар ба қайд гирифта шудааст. Фавти перенатали бошад дар муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят12 -ҳодиса (3,9) ба қайд гирифта шудааст ва дар соли 2018 бошад ин нишондиҳанда 12- ҳодиса (3,2)  ба қайд гирифта шудааст.

Фавти умуми бошад дар соли 2019- 886 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст ва дар соли 2018- 869- ҳодисаи фавт ба қайд гирифта шудааст, ки 20 ҳодисаи фавт зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.

Самтҳои афзалиятнок соҳаи тандурусти дар соли 2019

Қабули қонунҳо оиди соҳаи тандурусти, таҳияи Барномаҳои дарозмўҳлат ва миёнамўҳлат аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани онҳо, сол аз сол зиёд гардидани маблағгузории соҳа.

-беҳтар гардидани заминаҳои моддиву техникиии муассисаҳои табобатию-профилактики, ҷудо гардидани маблағгузории муассисаҳои КАТС аз бахши бистринамои ва равона гардидани 60% маблағҳои буҷаи соҳаи тандурусти барои муассисаҳои Кумаки аввалияи тибби-санитари.

– ревоҷу равнақ ёфтани фаъолияти тибби хусуси дар қаламрави вилоят, фароҳам овардани шароит барои бозори хизматрасониҳои ҳарчи беҳтари тибби ба аҳоли.                                                                                        

 -Иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2016сол, № 317 дар бораи “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитари”  аз рӯйи принсипи тибби оилави дар ҶТ барои солҳои 2016-2020.

– Қарори Раиси вилоят аз 2 апрели соли 2013, оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676, «Дар бораи Дурнамои пешгири ва назорати бемориҳои ғайрисирояти ва осеббардори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023».

-ба истифода дода шудани бинои нави беморхонаи бемориҳои руҳии вилояти дар ноҳияи Роштқалъа ва бо таъҷизотҳои замонавии тибби таъҷизонида шудани онҳо ба маблағи зиёда аз 25млн сомони аз тарафи Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Ба истифода дода шудани Маркази ташхисии ғайри тиҷорати хусусии Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғо-хон дар маҳаллаи Бар Хоруғ ба маблағи зиёда аз 24млн доллари Амрекои  ва бо таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамони муосири ташхиси ба монанди дастгоҳи компютери томографи, ангиограф, момограф ба кор шурўъ намуда, ба аҳолии вилоят ва Бадахшони ҳамсаради Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хизматрасонии баландихтиссоси тибби расонида истодааст.

Ба истифода дода шудани бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии МИҲД – и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 млн 779 ҳазор сомони ва бо таъҷизотҳои замонавии тибби таъҷизонида шудани он ва бо дастгирии Сафорати Амрико ва МИҲД-и вилоят ва бо 2-адад мошинаҳои ёрии таъҷилии тамғаи Tayota LAND  CRUISER таъмин гардонида шуд.

 Ба истифода дода шудани  бинои замонавии Муассисаи давлатии  “Коллеҷи тибби”и шаҳри Хоруғ бо хобгоҳ ва толори варзиши дар маҳаллаи Бар –Хоруғ  бо маблағгузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 15 млн. 304 ҳазор сомони ба анҷом расонида шуда бо таҳҷизотҳои замонави таъмин гардонида шуда мавриди истифода қарор  дода шуд.

Таъмири асосии шӯъбаҳои кӯдакона ва хизмати муттаҳидаи беморхонаи вилояти дар шаҳри Хоруг бо дастгирии Хадамоти тандурустии Хазинаи Ого-хон ва маблаггузории Сафорати Ҷопон бо маблағги 894,0 сомони ба анҷом расонида шуда мавриди истифода карор дода шуд.

 Раёсати тандурустии ВМКБ бо дастгирии Вазорати тандурустии Ьумыурии Тоьикистон  моыи феврали соли 2019 – 671 адад  тачыизоти тибб=  ба маблаци 465 ыазору 953 сомон= , моыи апрел -365 адад тачыизоти тибб= ба маблаци 2млн 173 ыазор472  сомон=,  моыи май – 1 маьмуи иловагии таьдидшаванда ба маблаци 6771,9 сомон= , моыи июл- 1адад дастгоыи ултарсадои доплери бо се датчик ва принтер ва (барои беморхонаи вилоятии дил) 1 адад дастгоыи рентгении сайёр(барои Беморхонаи марказии ноыияи Шуцнон) ба маблаци 209 ыазору 500 сомон=,  1 адад дастгоыи ултрасадо( барои беморхонаи марказии Мурцоб) ба маблаци 21 ыазору 111 сомон=, моыи августи соли ьор= 45 адад  ба маблаци 1млн 582ы.910 сомон= ва моыи сентябри соли 2019 барои КАТС-и ноыияи Вань 1 адад автоклав ба маблаци 31 ыазор сомон= ва барои беморхонаи бемориыои дили вилоят 1 адад велосипеди кардиолог= ба маблаци 93ыазор  сомон=,   ки дар маьм\ъ 4 млн 583ыазору 717 млн  сомониро ташкил медиыад,   дастрас гардид.

Бо дастгирии ЮНИСЕФ барои ноыияи Давроз 20 адад тачыизоти тибб= ба маблаци 343 ыазор сомон= , барои ноыияи Мурцоб 29 адад ба маблаци 377 ыазор сомон= ва барои ноыияи Ишкошим 23 адад ба маблаци 355 ыазор сомони, ки дар маъм\ъ 1млн 075 ыазор 000 сомониро ташкил медиыад,   дастрас гардид.

Камбудиҳо ва норасоиҳои соҳа

  1. Нарасидани мутахассисони дорои маълумоти олии тибби дар муассисаҳои табобатию – профилактикии  вилоят.. Хусусан дар ноҳияҳои Дарвоз –табиби “Тибби оилави”, эҳёгар, асабшинос, нарколог ноҳияи Роштқалъа- табиби “Тибби оилави”, сироятшинос, асабшинос, силшинос, рентгенолог, табиби дандонпизишк, наврасон, ноҳияи  Шуғнон-табиби тибби оилави, эҳёгар, кардиолог, сироятшинос, рентгенолог, табиби пуст, неонотолог, нарколог, ноҳияи Ишкошим-табиби тибби оилави, эҳёгар, сироятшинос, рентгенолог, неонотолог, ноҳияи Мурғоб– табиби тибби оилави, эҳёгар, осебшинос, рентгенолог ва мутахассисони соҳаи санитарию – эпидемологи дар Марказҳои назорати давлатии санитари-эпидемиологии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят.
  2. Дар сатҳи зарури амали нагаштани аксарияти Барномаҳои соҳавие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд ва мувофиқи қарорҳои Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои иҷро дар муассисаҳои шифоиву пешгирии вилоят зери назорат гирифта шудаанд. Барномаҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои байналмиллали маблағгузори карда мешаванд, (Барномаҳои мубориза зидди бемориҳои тропики, сил, ВНМО ва БПНМ нисбатан дар сатҳи баландтар ба иҷро расонида мешаванд.
  3. Шӯъбаҳои алҳидаи  беморхонаи вилояти ба таъмир ва аз навсози эҳтиёҷ доранд. Беморхонаи вилояти аз оксигени мутамарказонидашуда таъмин нест.
  4. Баъзаи моддию техникии беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва беморхонаҳои минтақавии ноҳияҳо ба талаботи ҳозиразамон ҷавобгу намебошад.
  5. Шуъбаҳои ёрии таъҷилии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ванҷ, Рушон,Шуғнон ва ноҳияи Роштқалъа ба нақлиёти ёрии таъҷили ниёз доранд.

                Сардор                                             Музаффаров Ф