Варзиш

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори варзишии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди Самбо байни наврасони солҳои  таваллуди 2003-2005 доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон бо медалу ифтихорнома  аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ карда шудаанд.