Суханрониҳо

  • Таманниёти солинавии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори КўҳистониБадахшон мухтарам Ёдгор Фаӣзов

Ҳамдиерони азиз! 
Ҳаряки Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо фаро расидани соли нави мелодии 2019 самимона табрику муборакбод мегўям.
Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва ба кадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушиву хушҳолӣ меорад. Мо ҳама ваќт – замони расидани соли навро чун навиди хуш чашминтизорем ва бо умед ҳастем ки соли нави меомадагӣ аз соли куҳан беҳтар хоҳад буд. Итминони комил дорам, ки ин беҳтарин ва арзандатарин тўҳфаи солинавист, зеро бо ин орзуҳои хуш дар дилҳои мо сабзаи умеду орзуҳои нек медамад ва ба фардои равшану обод моро раҳнамун мегардонад. Нияти поку орзуи нек ба фардои аз имрўз беҳтар, ба зиндагии хуштар, ба тинљиву ободии Ватани азизамон аз хубтарин хислатҳои инсонї дониста мешаванд, зеро замири инсон аз омолу нияти пок равшан мегардад ва он моро ба ќуллаҳои мурод ва зиндагии орому осуда раҳсипор намуда, Ватани азизамонро дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зебову хуррам мегардонад
Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст.
Соли 2018 дар хотири мардуми Вилоят ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибистиклоламон, соли дигаргуниҳои куллй дар ҳаети сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии вилоятамон наќш баст. Сафари Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти мо боиси ифтитоҳи зиеда аз 20 иншооти нави таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ-муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ, мазҳабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гардид. Яке аз руйдодҳои муҳиме, ки дар таърихи халки тоҷик дар соли 2018 ба вукуъ пайваст ин мавриди истифода ќарор додани агрегати якуми НБО Роѓун ба хисоб рафта, дар ин замина мардуми шарифи Точикистон бо нерўи барќи аз ҷиҳати экологӣ тоза-“Энергияи сабз” таъмин гардиданд. Хамчунин эълон гардидани соли 2018 соли Рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам овард, ки садҳо ҳазор саёҳон аз кишвари биҳиштосои мо назар кунанд ва бо фарҳангу ҳунари он шинос шаванд.
Бешак яке аз дастовардҳои шоистаи мардуми сарбаланди Бадахшон дар соли 2018 ин ғалабаи аќли солим ва бо роҳи сулҳомез таъмин гардидани волояти ќонун, ҳифзи музафарриятҳои миллӣ ва таъмини зиндагии осоишта барои мардум, ки бо дастгириҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалї Раҳмон амалӣ гардиданд, ба ҳисоб мераванд. 
Хамаи ин музафариятҳо гувоҳи равшани густариши ҷараёни созандагӣ, ободонӣ ва амонии кишвари азизамон мебошанд. Амалӣ шудани ҳадафҳои наҷиби стратегӣ дар соли 2018, дар маҷмўъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат карданд ва мо вазифадор ҳастем, ки дар назди Ватан-Модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кўшишу талоши пайвастаи худро идома диҳем.
Бо қаноатмандӣ гуфта метавонам, ки соли 2018–уми мелодӣ новобаста аз баъзе мушкилотхо ва нофаҳмиҳо барои мардуми шарифи Бадахшон соли пурфайзу бобаракат буд. Умед дорам сокинони ба ору номуси вилоят, минбаъд хам кўшиш менамоянд, ки дар ободу зебо гардондани диёрамон камари ҳиммат баста, дар партави суханони Пешвои муаззами миллат, ки гуфта буд: “Бадахшон дарвозаи тиллои Точикистон хохад шуд”, кору пайкор менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи бошандагони сарбаланди ВМКБ – ро чӣ дар дохил ва чи берун аз вилоятро бо фарорасии соли нави 2019-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми мо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад! 
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Суханронии

 муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор ба ифтихори Рӯзи Президент – 16 – ноябри соли 2019

Ҳамдиёрони гироми!

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи Шумо хуб огоҳи доред, ки аз соли 2016 инҷониб дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон рузи 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукуҳ ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва ин руз дар радифи дигар ҷашнҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ворид гардидааст. Мансаби Президенти мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва дар ин санади олии мамлакат низому шартҳои интихоб гардидан ба ин мансаби олии ҳокимияти давлати муайян шудааст. Моддаи 67 – уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент пеш аз шуруъ ба иҷрои ин вазифа дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкуни ва ба адои вазифа оцоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Мантиқан ба рузи 16 – уми ноябр рост омадани таҷлили Рузи Президент дар он инъикос мегардад, ки маҳз аз ҳамин руз саҳифаи наве дар таърихи кишвар боз гардид ва маҳз аз ҳамин руз дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд омадан гирифтанд ва аз ҳамин руз шакли идоракунии Президенти дар мамлакат ибтидо гирифт. Аз ин ру, бо мақсади арҷгузори ба давлати навини тоҷикон, ҳурмату эҳтиром ба давлатдориву давлатсози дар кишвар, боло рафтани сатҳи сиёсатмадори, афзудани обруву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилали ва дар ниҳоят фаъолияти басе густурдаву пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон таҷлили 16 – уми ноябр чун Рузи Президент дар мамлакат қабул гардид.

Дар таърихи инсоният шахсиятҳое гузаштаанд, ки бо корномаву қаҳрамониҳо, хидматҳои беназир ба давлату миллати худ, фидокорию азхудгузаштагиҳо, сиёсату давлатдори, баланд бардоштани обруву мақоми кишвар, созандагиву ободкориҳо исми худро абадан дар саҳифаи таърихи дунё абадан сабт кардаанд.

Дар ин радиф Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Франклин Рузвелти амрикои, Александр Невский, Пётри Кабири рус,  Шарл де Голи фаронсави, Уинстон Черчилли англис, Маҳатма Ганди, Ҷавоҳирлол Неҳруи ҳинду, Мао Тзедун, Си Ҷин Пини хитои, Камол Отатурки турк, Фидел Кастрои кубаги, Че Гевараро аз Амрикои Лотини ном бурдан бамаврид аст, ки бо кору амали худ, ҷонфидоиҳо баҳри Ватан зинданом мондаанд. Дар ин радиф номи наве зуҳур намуд. Ин шахсия, муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад, ки дар замони муосир раҳнамои ҳақиқи ва ҳодии асили миллати тоҷик шумурда мешавад.

Дар олами муосир ва ҷаҳони сиёсат имруз фарде муаррифи мегардад, ки хидмату фидокориҳояш ба миллату Ватан аз корномаҳои шахсиятҳои дар боло зикршуда кам нест. Имруз мо асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Эмомали Раҳмонро, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро у тавонист дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва ниҳоят мураккаб, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон дар вартаи нобуди қарор дошт, кишварро наҷот бахшад.

Дар нахустин суханронии худ ба ҳайси сардори давлат зимни баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон 19 – уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат ба миллати парешон ва азиятдидаву дар кураи ҷанг дармондаи тоҷик бо боварии том ваъда дод: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ҷаноби Оли фирориёни иҷбориро ба Ватан бозгардонда, миллати парешонро сарҷамъ намуд. Ҳар як тоҷикистони суханони таърихии Роҳбари аъзами давлатро, ки он вақт изҳор намуда буданд, ҳаргиз фаромуш намекунанд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам».

Он вақт сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Роҳбари ҷавон, вале заковатманди давлат имкон дод, ки баъд аз музокираҳои тулони Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ризоияти милли ба имзо расад ва мавриди амал қарор гирад. Дар замони ҷанги шаҳрванди кишвар ба харобазор мубаддал гашта буд, дар буҷаи мамлакат як пайса ҳам намонда буд. Ҷаноби Оли сохторҳои фалаҷгаштаи давлатро аз нав барқарор намуда, ба низому тартиботи давлатдории навин поя гузошт. Пешвои миллат дурандешона сиёсати сулҳофарини ва бунёди давлати демократиро пеш гирифт ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Чун давлати демократи, дунявию ягона муаррифи намудани кишвар барои кумаки давлатҳои тавоною абарқудрат ба мамлакати мо роҳ кушод.

Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, цамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кутоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократи дар сатҳи ҷаҳони аз обруву манзалати баланд бархурдор гардад. Маҳз ба хотири гиромидошти хидматҳои бузург ва беқиёси ин фарзанди фарзонаи миллат 9 – уми декабри соли 2015 иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат» – ро қабул намуд. Қонуни мазкур на танҳо баҳри арҷгузори ба хизматҳои беамсоли Пешвои миллат, балки барои ривоҷу равнақи баъдинаи давдатдории милли, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлати, тамомияти арзи, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як тоҷикистони, рушди озодонаи шахсиятҳо, такомули арзишҳои милли хидмат ба анҷом мерасонад.

Ҳозирини муҳтарам!

Солҳои баъдина собит сохтанд, ки Пешвои аъзами миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳони чун сиёсатмадори тавоною дурандеш мавқеи хешро дарёфтааст. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи у мамлакат ба натиҷаҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимои ва фарҳанги ноил гашт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи ин сиёсатмадори барҷаста муттаҳид шуда, дар ободонии Ватанашон саҳми бузург гузоштанд. Интихоботи навбатии президенти дар соли 2013 исбот намуд, ки миллати тоҷик Ҷаноби Олиро чун Лидери ягона эътироф кардаанд ва танҳо у метавонад кишварро ба зинаҳои нави рушду равнақ расонад.

Муҳтарам Роҳбари давлат чун пайцомрасони сулҳу ваҳдат дар таҳкими сулҳу субот дар мамлакат нақши калиди дорад. Ҷаноби Оли ҳамеша ба корафтодаю бечораҳо дасти мадад дароз намуда, садҳо нафарро бо хонаву дар таъмин ва соҳиби ҷойи кор кардааст. Дастгирии ятимон, ҳурмату эҳтироми муйсафедон, цамхори ба маъюбону барҷомондагон меҳри уро дар дили халқ ҷо намудааст. Мардуми тоҷик Роҳбари одилу закияшонро дуст медорад ва барҳақ, уро Пешвои миллат меҳисобанд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсиони, расидан ба  истиқлолияти энергетики, таъмини амнияти озуқавори, табдили кишвар ба мамлакати саноати – ҳамаи ин гувоҳи хирадманди, соҳибзаковати ва дурандешии худододаи Пешвои миллат мебошад.  Ба шарофати роҳбарии дурандешонаи Ҷаноби Оли тайи 28 – соли Истиқлолият симои кишвари мо ба кулли тацйир ёфт. Садҳо биноҳои замонавии бисёрошёна ва корхонаҳо, роҳҳои оҳану мошингард, пулу нақбҳо, деҳаю шаҳрчаҳои нав, варзишгоҳҳо, биноҳои идори бунёд гардида, маошу нафақа, даромади аҳоли чандин маротиба афзуд.  

 Аз ин ру, қабул гардидани Рузи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузори ҳам талаби руз, ҳам дархости мардуми шарафманди тоҷик буд. Ба ин васила миллати тоҷик дар атрофи Роҳбари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна ицвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо худи Ҷаноби Оли ҳастанд.

Ҳамин тавр, таҷлили Рузи Президент ваҳдату иттифоқи мардуми Тоҷикистонро бозгу менамояд, ҳамзамон боварии комил ва эътимоди томи мардуми фарҳангсолори тоҷикро ба Сарвари муаззами мамлакат ифода месозад.

Дар таърихи миллати тоҷик номи шахсиятҳои бузурге сабт гарддааст, ки барои Ватану миллат хизматҳои мондагор ва фаромушношудание сомон додаанд ва дар ин радиф метавон абармардҳоеро чун амсоли Сумбоду Бобак, Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Исмоили Сомони, Темурмалик, Садриддин Айни, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Цафуров ва бисёр дигаронро метавон ном бурд. Дар ин рада ҷой гирифтани номи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Эмомали Раҳмон аз хизматҳои бебадал ва бемислу монанди у барои халқу Ватан шаҳодат медиҳад.

Муҳтарам иштирокдорон!

Ба Ҷаноби Оли чун сиёсатмадори тавоно ва Раҳбари хирадманд на танҳо мардуми сарбаланди тоҷик, балки шахсиятҳои шинохтаи дунё, роҳбарони олимақоми давлатҳои олам баҳои оливу арзанда додаанд.  

Яке аз шахсиятҳои бонуфузи дунёи имруз, собиқ Президенти Фаронса Франсуа Миттерман дар ҳаққи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин мегуяд: «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги цани ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромуш нахоҳад кард».

Шахсияте аз роҳбарони пешини Ҳиндустон аз хизматҳои камназири Ҷаноби Оли дар ҳайрат афтодааст: «Моро кушишҳои хастагинопазири Ҷаноби Оли Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии милли ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба таҳайюр гузошт».

Аз сиёсатмадорони сернуфуз ва таъсиргузори олами муосир – Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин нақши калидии Эмомали Раҳмонро наҷотбахши Ватан ва сулҳофарин ба қалам овардааст: «Эмомали Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сарварони ИДМ мавқеи намоёнро ишцол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди у аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оиди ин масъала дар Тоҷикистон амали гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Аҳмадшоҳи Масъуд – Қаҳрамони миллии Афцонистон Сарвари муаззами тоҷиконро сиёсатмадори тавонои сатҳи ҷаҳони мешуморад ва ин гуфтаи у ҳақиқат аст: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомали Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имруз у машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст».

Шахсияти маъруфи олами ислом раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Сайид Ҷалоли Бадахшони зикр менамояд, ки кори анҷомдодаи Ҷаноби Олиро дар руйи дунё каси дигар натавонистааст анҷом бидиҳад, яъне хотима бахшидан ба ҷанги тулкашидаи шаҳрванди ва барқарор намудани сулҳу суботро ин инсони номвар танҳо дар симои Пешвои миллат дидааст ва мегуяд: «Шумо дар зиндагии рузмарраи худ таҳти роҳбарии раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имруз беназир аст. Мамлакатеро, ки ҷанг фаро гирифта буд, бародаркуши ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирузи ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳони бидонед, чаро ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаб дуруст шудааст».

Коршиноси намоён оид ба масъалаҳои Осиёи Маркази Дмитрий Попов менигорад: «Бешак, Эмомали Раҳмон – ин симои таърихи, Президенти якуми Тоҷикистони мустақил мебошад. Чунин пешвоён, чунин иттифоқчиён чун Эмомали Раҳмон ҳоло дар дунё каманд».

Баҳои баланди чунин чеҳраҳои шинохтаи дунё ба Пешвои миллат, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон барои мо мояи ифтихори бузург мебошад, зеро чунин баҳои баландро на ҳар кас сазовор мегардад.

         Иқтибосҳои боло ба таври равшан ва возеҳ то чи андоза шахсияти нотакрор, сиёсатмадори арсаи ҷаҳони, роҳбари дурбину хирадпеша, Пешвои цамхору дилсузи халқ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро ба исбот мерасонанд.

         Имруз кулли мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии ин Сарвари муаззам роҳи созандагию ободкориҳоро интихоб намуда, барои беш аз пеш рушд намудани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон талош варзида истодааст. Ягон ҷойи шаку шубҳа буда наметавонад, ки тоҷикон ба баландтарин дастовардҳои иқтисодиву иҷтимои ва фарҳангию маънави ноил хоҳанд гашт ва Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутамаддини олам табдил хоҳад ёфт. Ин ҳадаф моро водор месозад, ки дар ин руз – Рузи Президент масъулияти шаҳрвандии худро ҳар чи бештар эҳсос намуда, дар атрофи ин фарзанди бузурги миллат боз ҳам бештар муттаҳиду тифоқ бошем. Имруз барои мову шумо сулҳу субот ва пойдории ҷомеа, дар замоне, ки нуқтаҳои доц дар ҷаҳон бисёранд ва бахусус, давлатҳои зиёди мусулмоннишин дар кураи ҷанг қарор доранд, аз ҳар чизи дигар болотару волотар мебошад ва кафили ин сулҳу субот ҳамоно Ҷаноби Оли мебошанд. Ман эҳсос мекунам, ки шумо ба қадри ин неъмати бебаҳо – тинҷию ороми мерасед ва барои бақои он цайрат менамоед.

         Ҳамаи шуморо бо ин рузи хуҷаста – Рузи Президент бо самимият муборакбод менамоям, ба шумо саломатии бегазанду қалби фараҳманд, осудагию ободии хонавода, зиндагии шоду фируз таманно мекунам. Шодкому обод бошед, дустони азиз!

Суханронии

муовини  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба 25- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони иззатманд!

Муҳтарам иштирокдорон!

       Ҳар давлате, ки арзишҳои умумибашари ва меъёрҳои демократиро эҳтиром менамояд, волоияти қонунро дар мадди аввал мегузорад. Аз ин ру, қабули қонунҳо самтҳои мухталифи фаъолияти ҳар як давлатро танзим менамояд ва рушд мебахшад. Аммо лозим ба зикр аст, ки саромади ҳамаи қонунҳо танҳо қонуни асоси ё худ конститутсия мебошад. Албатта, мавҷудияти санадҳои меъёриву ҳуқуқи аз ҳастии фишанги идоракуни, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар арзишҳои инсони дар ҳар давлате дарак медиҳад, вале бе санади асли – конститутсия ягонтои онҳо пояи ҳуқуқиву замини дошта наметавонад. Маҳз конститутсия фишанги асоси ва ҳатмии идоракуни дониста мешавад, барои ҳамин миёни дигар асноди ҳуқуқиву идоракуни конститутсия дар зинаи аввал меистад. Бе конститутсия ягон давлат мавҷуд буда наметавонад, зеро заминаҳои бунёдиву ҳуқуқии ҳар як давлатро конситутсия муҳайё месозад. Ҳар қадар конситутсия демокративу аз лиҳози ҳуқуқи мукаммал бошад, ба ҳамон андоза дилхоҳ давлат имкониятҳои бештаре барои пешрафту рушд ба даст меорад.

       Санади асли ва асосии ҳар давлат конститутсия буда, он барои дигар аснод заминаи меъёриву ҳуқуқи фароҳам меорад. Аз замонҳои пеш то ба имруз конститутсия чун санади олитарини мамлакатҳо вазифаи таърихии худро анҷом дода, барои пешрафти ҷомеа хизмат мекунад.

        Дар радифи кишварҳои олам Тоҷикистон ҳамчун кишвари мутамаддин дорои Конститутсия мебошад ва имруз ба қабули ин санади олии мамлакат 25 – сол пур мешавад. Ба ин маъни Конститутсия дастоварди азими миллати тоҷик ва ҳар як тоҷикистони буда, барои пешрафти кишвар заминаҳои ҳуқуқии давлатдорию давлатсози ва барои ҳар шаҳрванди мамлакат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Бо роҳи демократи – раъйпурсии умумихалқи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани риояи меъёрҳои демократи ва арзишҳои умумибашари дар кишвар буда, масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокинро дар қабули он нишон медиҳад.

        Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйдиҳии умумихалқи 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлатдори, фароҳам овардани заминаҳои меъёрию ҳуқуқи, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафти мамлакат нақши муҳим бозид. Қабули Конститутсия дар кишваре, ки дар вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрванди қарор дошт, аҳамияти бузурги сиёсиву таърихи дошт. Мамлакате, ки нав истиқлолияти сиёсиро соҳиб шуда буд, наметавонист бе Конститутсия мавҷудияти худро нигаҳ дорад, аз ин ру, қабули Конститутсия худ талаби руз ва зарурати ногузир ҳисоб меёфт.

Маҳз Конститутсия буд, ки барои ваҳдати милли пояи мустаҳкам гузошт, яъне ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат дод.  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Эмомали Раҳмон қабули Конститутсияро ба мустақар гардидани сулҳу субот дар кишвар марбут медонад: «Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт».

        Бо ёдрас намудани суханони пурмуҳтавои Сарвари муаззами кишвар, Ҷаноби Оли ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азизро бо фарорасии Рузи Конститутсия самимона муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо умри дарозу сиҳатии комил, бақои хонадону ободии рузгор орзумандам!

Дустони азиз!

Бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон дар солҳои 90 – уми асри гузашта Истиқлолият ҳисоб меёбад, аммо барои таҳкими он, муайян намудани сохтори давлат, таъсис ва таҳкими пояҳои давлатдори, эҳёи сохторҳои фалаҷгаштаи ҳукумат ниёз ба қабули санади тозае пайдо шуд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон зарурияти қабули Конститутияро дар яке аз суханрониҳояшон махсус таъкид кардаанд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Дар он замон қабули ин санади оли зарурияти ногузири таърихи буд, агар он қабул намешуд, ҳастии давлати навистиқлол бо хатари нобудшави ру ба ру мешуд.

Қабули Конститутсия заминаи мусоиде барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар муҳайё сохта, баҳри осудагию оромии мардум, тадриҷан ҷори гардидани қонуният ва тартибот дар ҷомеа нақши муҳим бозид. Ҳамзамон ин санади оли ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва пешрафти фарҳангу ҳаёти маънави мусоидат намуд. Хеле муҳим буд, ки дар Конститутсия озоди ва ҳуқуқҳои инсон чун арзишҳои оли эътироф гардиданд ва мақому манзалати одам дар сархати ин санади тақдирсоз қарор гирифт. Ба тарафдории бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дуняви раъй додани мардуми Тоҷикикистон ва дар Конститутсия инъикос гардидани он барои мамлакат ба суйи ҷомеаи мутамаддин ва тамоми ҷаҳон роҳ боз намуд.  Аз ин хотир, қабули Конститутсия дар он давра, ки буҳрони сиёсиву иқтисодиву иҷтимои ҷомеаро фарогир буд, иқдоми хеле зарури ва саривақтиву басе муҳим арзёби мегардад.

Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милли баъди музокироти мадиди миёни тоҷикон 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия зарурати бознигарии Конститутсияро пеш овард. Ба ин мақсад 26 – уми сентябри соли 1999 ба 31 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тацйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки ин иловаҳо ба ҷуз дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёси, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таъсиси Парламенти доимамалкунандаи касби – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми нави дастаҷамъи – Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл доштанд.  

Мурури замон, рушди ҷомеа, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимои дар мамлакат нишон доданд, ки Конститутсия ҳануз ба такмилу таҳрир ниёз дорад, ки ин нуктаро Пешвои миллат, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон дар вақташ баён карда буданд: «меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд ».

         Гуруҳи вакилони Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҷиҳати такмилу таҷдид ба ин санади оли таклиф манзур намуданд ва дар ин асос 22 – июни соли 2003 ба 56 моддаи Конститутсия тацйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки асоситаринашон инҳоянд: 1. эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд чун арзишҳои оли 2. тамдиди муҳлати ваколати Президент ба 7 сол бо интихоби на бештар аз ду маротибаи пайдарҳам. Ҳамчунини муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол дароз карда шуд.

         Бори охирин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тацйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Калимаи «Сарқонун» аз матн бардошта шуда, ба зиёда аз 27 моддаи он иловаҳо ва тацйирот дароварда шуданд. Яке аз онҳо васеъ намудани доираи ваколат ва салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади таҳкими ваҳдати милли ва суботи ҷомеа ба амал бароварда шуд. Ба ин тартиб, тацйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷиҳати ба меъёрҳои демократи ва стандарти байналмилали ҷавобгу намудани он мусоидат карданд ва имруз санади олии мамлакати моро чун яке аз демократитарин конститутсияҳои дунё эътироф ва арҷгузори менамоянд.

         Ҳозирини иззатманд!

         Конститутсияи мо, ки соли 1994 қабул гардида буд, Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр эълон дошт, яъне истиқлолияти кишварро бар пояи расми устувор намуд. Соҳибихтиёри маънии ҳокимияти олии ягона доштани давлат ва худихтиёр будани онро дар муносибатҳои хориҷи ифода менамояд. Ҳеҷ неруе, хоҳ дохили бошад ё хоҳ беруна, ҳуқуқ надорад, ки ба истиқлолияту соҳибихтиёрии мамлакат таҳдид кунад.

         Дар Конститутсия эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати ягона ба ин маъни аст, ки дар ин кишвар нисбат ба ҳар як минтақа сиёсати одилонаи давлат ҷори мегардад ва цамхори нисбат ба мардуми ин қаламрав вазифаи давлат дониста мешавад. Ҳамзамон ягонагии давлат тамомияти арзи ва тақсимнашавандаю дахлнопазир будани ҳудуди онро ифода мекунад. Яъне дар ин санади оли меъёри конститусионие дарҷ ёфтааст, ки ҳеҷ як гуруҳ ё доираи манфиатхоҳ ҳуқуқ надорад, ки якпорчагии мамлакатро вайрон кунад. Ҳифзи ягонагию якпорчагии кишвар ба зиммаи Қувввваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузошта шудааст, ки онҳо ин вазифаи худро бо сарбаланди адо карда истодаанд.

         Дар қонуни асоси давлати мо чун давлати демократи муаррифи гардидааст. Арзишҳои демократи имкон медиҳанд, ки ҳокимияти сиёси ба мардум наздик гардида, дар самти идоракуни раъйи мардум ба инобат гирифта шавад.

         Конститутсия Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон кардааст ва робита бо ин ҳар як шаҳрванди кишвар қатъи назар аз мавқеи иҷтимои ва дар кадом қишри ҷомеа қарор доштанаш аз тамоми озодию ҳуқуқҳо бархурдор аст. Дуняви будани Тоҷикистон, ки Конститутсия эътироф кардааст, дар давлат набудани дини расмии барои ҳама ҳатмиро ифода карда, дар баробари ин озодии эътиқодро инъикос менамояд, яъне муносибати ҳар як шаҳрванд ба дин дар ихтиёри уст.

         Аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон дар Конститутсия ҳокимияти давлати ба се шоха: мақомоти қонунгузор, иҷроия ва суди тақсим гардид ва дар ин санади оли ҷиҳати фаъолияти мустақим, мустақилонаи онҳо кафолат дода шуд.

         Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Конститутсияи беҳтарин ва мардумитарин мебошад, ки тацйиру иловаҳо ба он онро боз мукаммалтар гардониданд.

         Ҳозирини муҳтарам!

         Конститутсияи мо санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллат муаррифи мегардад. Ба ин хотир, эҳтиром ба ин санади асоси ва эътирофи волоияти қонун вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ватандусти асил мебошад. Риояи меъёрҳои конститутсиони ба Конститутсия афзалият бахшида, мавқеи онро боз ҳам мустаҳкам менамояд ва обруйи онро дар  ҷомеа меафзояд.

         Бисту панҷ сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари гардид, раванди айём собит сохт, ки он аз тамоми санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии рузгор гузашт. Мустақар будани ваҳдати милли ва фазои сулҳу субот дар мамлакат далели равшани риояи меъёрҳои конститутсиони ва дастовардҳои Конститутсия мебошад. Конститутсияи мо ҷавобгуи орзуву армонҳои мардум буда, ҳамаи тоҷикстониён ифтихор доранд, ки чунин Конститутсияи мардуми доранд.

Дар замоне, ки авзои ҷаҳон номуътадил ва пешгуинашаванда аст, мо бояд шукргузори ин Ватану давлат бошем, зеро дар фазои орому осуда зиндаги дорем ва Конститутсия тамоми озодиҳою ҳуқуқҳои моро чун инсон кафолат додааст.

Пас, мо низ аз ҷониби худ вазифаи маънави ва қарзи фарзанди дорем, ки дар ободии Ватану зодгоҳи худ талош варзему саҳме гузорем ва зиндагии худро руз ба руз беҳтар намоем.

Ман аминам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он ба зиндагии хушбахтонаи мо мусоидат хоҳанд кард ва ҳамзамон волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин хоҳанд кард.

Дар фарҷом ҳамаи ҳамдиёронро бо 25 – солагии қабули Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику шодбош мегуям ва ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатию табъи болида, зиндагии осудаҳолона ва тавфиқу барорро дар кору рузгор хоҳонам! Ҷашни Конститутсия муборак, ҳамдиёрони иззатманд!