ВМКБ. Созандагӣ авҷи устувор дорад
Баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 28- солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки муовини якум, муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони шуъбаву бахшҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, идораву муассисаҳои дахлдор соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки масъулини бунёди иншоотҳои ҷашнӣ мебошанд, баргузор гардид.
Раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаста корҳои сохтмонию азнавсозӣ, ободонию созандагӣ ахборот дода, зикр доштанд, ки дар баробарии дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат баҳри рушду нумуи шаҳру ноҳияҳо соҳибкорони ватанӣ низ дар бунёди иншооти муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бо ташаббуси соҳибкорон имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли гузашта дар амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, бахусус саноатикунонии босуръат, қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии рӯзафзуни Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардида, сохтмони иншоотҳои замонавӣ дар авҷи устувор қарор доранд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ низ дар рушду нумуи вилоят хеле назаррас мебошад. Вобаста ба сохтмони муассисаҳои томактабӣ раиси вилоят раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро вазифадор намуда, иброз намуд, ки бунёди чунин муассисаҳо ниҳоят муҳим ва зарурӣ мебошанд.
Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки дар давоми сол дар ҳар як шаҳру ноҳия на камтар аз 5-6 коргоҳу корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда шаванд.





