Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Ҷамъбасти озмунҳо, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва вазифагузорӣ барои соли 2025

Дар ҷаласаи навбатии назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаи натиҷагирӣ аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар роҳандозӣ мегарданд, ҳамчунин баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сардори Раёсати маорифи ВМКБ Мирзоқанд Аминҷон Бекназар вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа ахборот манзур намуда изҳор дошт, ки соли 2024 дар шаш намуди олимпиадаҳои фаннии байналмилаливу онлайнӣ аз ВМКБ 586 нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 347 нафар зиёд мебошад. 63 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, ки нисбат ба соли 2023 32 ҷой бештар мебошад. Вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъкид карда шуд, ки дар соли 2024 95 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 90 нафар иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмун бори нахуст дар таърихи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба вилоят оварда шуд. Ҳамзамон, 4 нафар соҳиби ҷойи 2, 8 нафар соҳиби ҷойи 3 ва 11 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бошад, дар соли 2024 78 нафар аз ВМКБ ширкат варзида, танҳо ду нафар сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Зимни таҳлили фаъолияти соҳаи маориф вобаста ба баргузории озмуну олимпиадаҳо раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ изҳор намуд, ки агар теъдоди ҷойҳои намоён зиёд бошад ҳам, таъдоди иштирокдорон кам аст. Потенсиалӣ зеҳнии ВМКБ ҳанӯз ҳам хеле зиёд аст, вале аз хунукназарии масъулин он пурра истифода намегардад. Дар ин радиф роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки то се нафар кормандро барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ омода созанд.
Вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сардори Раёсати фарҳанги ВМКБ Гулдасташо Амихонов ахборот ироа намуд. Гуфта шуд, ки дар даври нахустини ин озмун, ки дар сатҳи ҷамоатҳо доир карда мешавад, 1120 нафар ширкат варзида, ба даври дуюм 751 нафар роҳхат гирифтанд. 82 нафар барои муаррифии вилоят дар сатҳи ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ изҳор дошт, ки дар заминаи ба марҳилаи нави рушд ворид гардидани ВМКБ дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг низ таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, сол аз сол натиҷаҳои онҳо беҳтару хубтар арзёбӣ карда мешаванд. Вале бо ин натиҷаҳо набояд қонеъ шуд. Аз ин рӯ, аҳли фарҳангу маорифи вилоят ва дигар масъулини соҳаҳоро зарур аст, ки ба омода кардани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳо таваҷҷӯҳи хосаро равона созанд.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ вобаста ба дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят маълумот манзур намуда изҳор дошт, ки дар радифи рушди соҳаҳои иқтисодӣ соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ низ бояд ба таври бесобиқа рушд кунанд. Ҳамзамон таъкид намуд, ки дар ин раванд фаъолияти пурсамар ва содиқонаву софдилонаи ҳар яки мову Шумо нақши калидӣ дорад.