Шабакаи минтақавии телевизиони «Бадахшон» ба шакли (формати) дақиқияташ баланди HD гузашт
Гузариш аз шакли стандартӣ ба дақиқияташ баланд бо зер кардани тугмаи пахши барномаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ анҷом дода шуд.
Зимни маросими гузариши телевизиони “Бадахшон” ба ин шакл раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид кард, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ВАО аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Ин иқдоми неку созанда дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавӣ- HD аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шуданд.
Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи телевизиони «Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар соҳаи телевизион ва радиои вилоят пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста баззаи модииву техникии Идора ба кулли беҳтар гардид.
Бо дастгириҳои рузафзуни Ҳукумати мамлакат дар доираи гузариш ба низоми дақиқияташ баланди HD иловатан ба Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4 КА ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда дастрас карда шуд.
Телевизиони «Бадахшон» дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ минбаъд роҳу воситаҳои навро истифода намуда дар тарғиби сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат аз имокниятҳои нав мақсаднок истифода менамояд.




