Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ВМКБ

31 январ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иди Сада бо расму русуми аҷдодӣ таҷлил гардид.
Ҳайати расмӣ нахуст аз намоишгоҳи техникаи кишоварзӣ, масҳулоти кишоварзии вилоят ва бо зиҳои варзишӣ дидан намуда, барои меҳнати содиқона ба масъулин баҳои баланд доданд.
Зимни баромад раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кулли сокинони вилоятро бо ин ҷашни ниёгонамон табрик гуфта, зикр дошт, ки эҳё ва таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, аз қабили Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада, иқдомест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Зеро рӯй овардану арҷ гузоштан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақомӯзӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайр ва ҳамзамон, заминаи қавӣ барои ояндаи дурахшони миллат маҳсуб меёбад. Бешубҳа, он боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеа, хоса насли наврас, мегардад.