Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Таҷлил аз 32–умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз бахшида 32- юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ дар маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ҳайати расмиро дар даромадгоҳи бинои театри вилоятӣ аҳли фарҳанг бо сурудҳои ватандӯстона пешвоз гирифтанд.

Бо ворид намудани Байрақи ҷангӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ маҷлиси тантанавӣ оғоз гардид.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ кулли афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми сарбаланду саодатманди кишвари азизамонро бо 32-умин солгарди таъсисёбии яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ-Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва осоиштагии рӯзгорро орзу карданд.

Маврид ба зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфтаанд.

Бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, марҳила ба марҳила ташаккул ва таҳким ёфтанд.

Нақши барҷастаи Пешвои ватанпарвари миллат ҶанобиОлӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бебаҳо буда, маҳз дар асоси қарори Шӯрои Олии мамлакат аз 18. 12 соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » – хишти аввали он гузошта шуд.

Дар муддати кӯтоҳ, ба муқовимати шадиди қувваҳои зиддидавлатӣ ва дигар гуруҳҳои ҷиноятпеша нигоҳ накарда, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил ёфта, дар ҳамин замина, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Ва ин рӯзи фархунда расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Артиши ҷавон, хусусан, дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори тарансмиллии нашъаҷаллоб ва ғайра саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Зикр гардид, ки таърихи соҳибистиқлолии кишвар борҳо собит намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ воқеъан такягоҳи муътамади давлату миллат мебошанд.

Дар нооромиҳо ва даргириҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҳодисаҳои маълуми минбаъда маҳорату малакаи ҷангии нерӯҳои ҳарбии мо сайқал ёфта, чанд насли ҳайати шахсӣ ва сарбозоне ба воя расиданд, ки имрӯз қодир ҳастанд ба ҳама гуна хатари эҳтимолию воқеӣ посухи сазовор диҳанд.

Гуфта шуд, ки хизмат ба Ватан, адо кардани қарзи фарзандии худ барои ҳар як фарди баору номус муҳимтарин ва муқаддастарин вазифа масҳуб меёбад.

Дар ин росто, мардуми сарбаланди вилоят аз он ифтихор доранд, ки фарзандони диловарамон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҚМ дар сафи он, мисли дигар ҳамватанони худ, бо ифтихору ҷасорату садоқат хизмат намуда истодаанд.

Зимнан, ифтихормандона хотиррасон бояд намуд, ки тайи солҳои охир вилоят яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба хубӣ мебарояд.

Дар охир бархе аз афсарон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравии комиссариати ҳарбии вилоят барои саҳми босазо гузоштан дар таъмини ҳифзи марзу буми Ватан, волоияти қонун ва суботи иҷтимоӣ, нишон додани масъулияти баланди хизматӣ зимни иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 32-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Барномаи ҷолиби ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят анҷомбахши мантиқии чорабинии идона дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ гардид.