П А Ё М И табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Сиву ду сол боз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро намуда истодааст.
Ба хотири ин санаи фархунда, Шумо ҳамдиёрони гиромӣ, ҳайати шахсии афсарону сарбозон ва собиқадоронро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд. Вале дар он лаҳзаҳои душвор сарбозони ҷасури Ватан мардонагӣ ва садоқат нисбати савганди ҳарбӣ нишон дода, баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвару пойдории сулҳу субот фидокориҳои беназир намудаанд. Беш аз се даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён – аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад.
Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Имрӯз дар Қувваҳои Мусаллаҳ садҳо нафар фарзандони ҷонфидои Ватан хизмати Модар – Ватанро бо сарбаландӣ адо карда, дар ҳифзи музаффариятҳои он ҳиссаи муносиб мегузоранд. Бе муболиға, ин фарзандони мо минбаъд ҳам эстафетаи падарону бобоёнро идома дода, ин вазифаи муқаддаси худро бо интизоми намунавӣ ба ҷо меоранд. Ҳукумати кишвар бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди вилоят қарор доранд, робитаи зичро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, пайваста дар доираи имконият, мусоидат намуда истодааст.
Сатҳи баланди касбӣ ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд: «Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».
Аз ин рӯ, ҳар яки шумо бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.
Бори дигар, ҳамаи ҳамдиёрон, генералҳо афсарон, сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро ба ифтихори ҷашни 32 -юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан ва ҳамдиёрони гиромӣ!



