ВМКБ. Барои ояндаи Тоҷикистон овоз медиҳам
Субҳи имрӯз дар саросари Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқ оғоз гардид.
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ низ ин маъракаи муҳими сиёсӣ соати 6:00 бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, интихобкунандагон барои пешрафту тараққиёти минбаъдаи Ватани азизамон, Тоҷикистон ба номзадҳои арзандаи худ овоз додан шурӯъ намуданд.
Дар ҳавзаи интихоботии вилоятии Хичордев 39, ин чорабинӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ оғоз гардид.




