Шукуҳи Рӯзи Модар дар ВМКБ
Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ҷамомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси вилоят ва ҳайати расмиро аҳли ҳунар бо созу сурурд, ки васофи модар буданд, пешвоз гирифтанд.
Сипас, дар толори театри вилоятӣ ба номи М. Назаров раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ кулли модарону бонувонро бо фарорасии фасли зебои сол баҳори хуҷастафол ва Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ба фарорасии фасли нозанини сол- Баҳор рост меояд, таҷассуми меҳру муҳаббати бепоён ба ин фариштаи офаринандаи ҳаёт буда, он ҳамасола дар кишвари азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукуҳу ҷалоли хос баргузор гардида, дар худ ҳамгироии ногусастании инсону табиат, руҳу ҷисм, зебоии ботинию зоҳирӣ ва маърифату ахлоқро инъикос месозад.




