Дастаи ноҳияи Роштқалъа соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардиданд
Боиси хушнуди ва сарбаландиву сарфарозии кулли мардуми Шарифи Тоҷикистон, алалхусус ВМКБ аст, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ бевосита рушд карда истода, варзишгарони кишвари азизамон ба дастовардҳои арзанда дар сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ ноил гардиданд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси вилоят, Раиси Федератсияи волейболи вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар мусобиқа 10 дастаи шаҳру ноҳияҳо иштирок карда, дастаи шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи се, дастаи ноҳияи Рушон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Роштқалъа сазовори ҷойи як гардиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси вилоят, Раиси Федератсияи волейболи вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок ва суханрони намуданд.
Ғолибон бо Ифтихорнома, Ҷом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.




