Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Паёми табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи Модар

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони арҷманд!

Шуморо ба муносибати фаро расии Рўзи Модар, ки дар оғози фасли баҳор таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи баланд, саодати ҳамешагӣ ва тамоми хушиҳои ҳаётро таманно менамоям.

Оре, модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббат ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст, зеро меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

Ҳаёту шахсияти инсон аз таҳти дили пурмеҳру муҳаббати модар ибтидо гирифта, дар домони гарми ӯ ташаккул ва бо дуою баракати ҳамешагияш инкишоф меёбад. Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор дорем, зеро модари тоҷик дар тўли таърих фарзандони фарзонаеро ба дунё оварда ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.

Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба саҳми боризу нақши калони зан-модар қайд карданд, ки имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин, онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан-модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Таманнои мо барои занону модарони арҷмандамон ин аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш-тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд. Ифтихор аз он дорем, ки шумораи зиёди бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ адои вазифа намуда истодаанд, ки бо дониши баланду меҳнати шоиста номбардорони миллат мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар васфи бонувони асилу мушфиқи миллат ҳазорсолаҳо асарҳои баландғоя эҷод шудаанд, чунки тамоми бузургони олам аз дасти дуои модар баракат ва кушоиши кор ёфта, маҳз аз ҳамин лиҳоз тамоми умр модаронро дар осору эҷодашон тавсиф кардаанд ва мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақому манзалати Зан- Модар ҳамеша дар пояи баланд қарор дошта, ин замон низ Зан-модар дар сафи пеши ҷомеа қадам гузошта истодааст.

Боиси ифтихори якояки мардуми сарбаланди Бадахшон аст, ки имрӯзҳо вилоят дар тамоми самтҳо рушд намуда истода, дар баробари мардон бонувони азиз низ дар ободониву созандагӣ ва шукуфоии диёри хеш саҳмгузор ҳастанд. Итминони комил дорем, ки дар ҳамдастӣ ва бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба як гӯшаи биҳиштосои ватанамон мубаддал месозем.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда – Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳамаи бонувону хоҳарони гиромӣ тандурустиву саодатмандӣ, меҳру муҳаббати бепоён, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Ид муборак, модарону бонувони арҷманд!