Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Азорабеков Мирзобек оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилони халқ, ки рӯзи 2 марти соли равон доир гардида буд, ҳисобот дод.

Сипас, вакилони тозаинтихоб савганд ёд карданд ва расман ба фаъолияти вакилӣ шурӯъ намуданд. Тибқи рӯзномаи иҷлосия вакилон барои тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, таъсис додани комиссияҳои доимӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ оид ба дастовардҳои соли 2024 дар назди вакилони халқ ва иштирокдорон баромад намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Мискин Фарид лоиҳаи қарорҳои раиси вилоят оид ба тағйироти кадрӣ ва ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби маблағҳои озоди бақияи сарисолии буҷети худии вилоят дар байни иҷлосияҳои 22-уми даъвати 6- ум ва якуми даъвати ҳафтум қабул гардиданд, баррасӣ гардиданд.

Дар асоси қарори раиси вилоят аз 24 феврали соли 2025 Раҷабеков Раҷабек ба мансаби сардори Раёсати кишоварзии вилоят ва аз 13 марти соли 2025 Мирзозода Зарина ба мансаби сардори шуъбаи кор бо занон ва оила Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъин гардиданд.

Дар идомаи иҷлосия масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бадахшон рақами 1 мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар фарҷоми иҷлосия Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ вакилони тозаинтихобро ба муносибати оғози фаъолияти вакилиашон табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои масъулияти баланд барору комёбиҳо таманно намуд.

Бо ҳамин, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати ҳафтум кори худро ба анҷом расонд.