Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

НОМАИ Табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!
Ҷашни Наврӯз  яке аз рамзҳои ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷилои нав эҳё гардида,  аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Аз ин лиҳоз, фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба сокинони меҳнатдӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мардуми шарафёри тоҷик табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки тоҷикистонӣ иқболи баланд, шодиву сурур ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои неку созанда муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Наврӯз ҳамчун айёми эҳё ва шукуфоии табиат одамонро ба кишту кор, бунёдкорӣ ва амалҳои хайру саховат ҳидоят намуда, ба инсон нерӯи созанда ва шодиву сурур мебахшад.Ҷашни Наврўз дар тўли асрҳо дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободкорӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накўкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст, ки яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврўзи Аҷам, бешубҳа, дар ҳамин буда, азму талошҳои Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани Наврўзи хуҷастапай қобили зики махсус мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз ба марҳилаи тамоман ҷадиди худ ворид гардид. Мо бояд суннатҳои ин иди ниёгонамонро барои беҳбудии ҳаёти имрӯза ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ истифода кунем. Яке аз ҳадафҳои наҷиби Наврӯз ба ҳам наздик шудан ва тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона, ҳамкориву ҳамгироӣ миёни мардумон аст. Зеро дар шароити муосир ҳамаи мо дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва башарият нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисозии маънавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештаре дорад.
Чун Наврӯзи фархундапай тимсоли тамоми хайрот ва зебоӣ буда, дар сиришти инсонҳо тухми вафою садоқат ва некӯию андешаи анҷоми корҳои созандаро мекорад, пас, моро зарур аст, ки дар ин шабу рӯз кулли фикру амалҳои номатлуб ва кинаву кудуратро аз вуҷуди худ бадар сохта, ҷаҳони ботинӣ ва зоҳирии худро аз фикру ғояи асили миллии кӯҳанбунёди созандаамон пероста намуда, баҳри боз ҳам тақвият додани хислатҳои беҳтарини инсонӣ дар шахсияти хеш, устувор намудани рукнҳои оиладорӣ, таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон нерӯи худро равона созем.
Итминони комил дорам, ки сокинони бонангу номуси вилоят минбаъд низ баҳри ободиву пешрафти диёр бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош намуда, дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бо ибрози беҳтарин ниятҳо дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар кулли ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Наврӯз – ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодиамон табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!