ТАРРАНУМИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Субҳи имрӯз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иди Наврӯзро дар фазои сулҳу оромӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо нишоту хушҳолӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Файзуллозода Шараф Ҷаббор муовини котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ҷашн гирифтанд. Дар даромадгоҳи боғ ҳайати расмиро аҳли ҳунари вилоят бо расму русуми хоси мардумӣ зери садои доирадастон ва шеъру таронаҳои наврузӣ истиқбол намуданд. Ҳайати расмӣ , аз намоишгоҳи маҳсули меҳнати корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои хоси наврӯзӣ дидан намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, сокинони сарбаланди вилоятро бо ҷашни Наврӯзи фаррухпай табрик ва муборакбод намуда, иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободкорӣ мусоидат намудааст , ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накўкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст. Маҳз ҳамин омилҳо ва дигар паҳлуҳои муҳими он сабаби ҷаҳонишавии ин мероси абадзиндаи милли мо гардида, дар саросари ҷаҳон имрӯз миллату халқиятҳои гуногун онро бо мазмун ва номи аслияш, яъне Наврӯз мешиносанд ва ҷашн мегиранд.
Бо ифтихору шукргузорӣ бояд қайд намуд, ки танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти пурра ба вуҷуд омад, ки мардуми тамаддунофари мо расму оин ва анъанаҳои бостонии худро эҳё намуда, равнақ диҳанд. Наврӯз дар ин шумул дорои мақоми махсус мебошад.
Гуфта шуд, ки аз Наврӯзи соли 2024 то Наврӯзи имсола, дар радифи баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва маърифатию фарҳангӣ, ки ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳамин чорабиниҳои муҳим ба шумор меравад, раванди созандагию бунёдкорӣ вусати бузургро касб намуд.
Муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор ба намояндаги аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони вилоятро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, оиди ободии Ватани маҳбубамон ,сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди бемайлони маркази ВМКБ бо ифтихор изҳори ақида намуданд.
Барномаи таҳиянамудаи ҳунармандони вилоят Ҷумҳурӣ, ки аз суруду таронаҳои Наврӯзӣ дастовез буд чун дастагули идона анҷомбахши чорабинии Наврӯзӣ гардид.




