Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд

Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовин намояндаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ош Арстонокулов Талантбек Курбоналиевич дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Директори мактаби ҷумҳуриявии гӯштинҳо Парвиз Собиров, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов ва дигар меҳмонон низ иштирок доштанд.

Баҳри дарёфт намудани шоҳҷоизаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паҳлавонон аз давлатҳои Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар баробари мусобиқаи варзишии гӯштин, дигар намуди бозиҳои варзишӣ аз ҷумла волейбол, бандкашӣ, дави наврӯзӣ байни занон, дави наврӯзӣ бо масофаи 3 км байни мардон ва кабкҷангу хурӯсҷанг баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани сурудӣ миллӣ оғоз гардида, раиси вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми иштирокдоронро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, меҳмонон ва варзишгароне, ки аз дигар давлатҳо ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд, хайримақдам гуфта, иброз дошт, ки понздаҳ сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи тоҷикии ориёӣ ҷаҳонӣ шуд.

Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳавзаи наврӯзӣ чорабиниҳои гуногун бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида истодаанд.

Тавре ки маълум аст, аз қадимулайём ба тантанаҳои наврӯзӣ меҳмонон даъват карда мешаванд.

Ориёҳо, аз он ҷумла миллати тоҷик, дар қатори ашхоси соҳибнуфузу баландпоя ва ҳунармандони асилу варзишгарони номии диёр, ҳамчунин меҳмононро аз ҳамсоякишварҳо даъват мекарданд.

Ва имрӯз, хушбахтона, меҳмонони зиёд ба Ватани мо, бо мақсади шарикӣ дар шодию сурури наврӯзиямон, қадам ранҷа намуданд. Минҷумла, меҳмонони арҷманд, ба дурии роҳ нигоҳ накарда, ба ВМКБ, ба шаҳри нозанини Хоруғ омаданд.

Зимни баромад раиси вилоят ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидати ҳамаҷониба дар баргузории мусобиқаи варзишӣ изҳори сипос намуданд.

Дар қатори гӯштини миллӣ, ҳамчунин варзишгарон дар дигар намудҳои бозиҳои миллиямон қувваозмоӣ намуданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол дастаи ноҳия Рӯшон сазовори ҷойи якум, дастаи муҳоҷирони меҳнатӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибони мусобиқаҳои варзиши дави наврӯзӣ, бандкашӣ ва кабкҷангу хурусҷанг бо мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.

Шакармамад Мирмамадов варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хоруғ дар мусобиқаи гӯштин аз худ маҳорати баланди варзиши нишон дода, Шоҳҷоизаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, электромобилро соҳиб гардид.