Ҷаласаи якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, рақами 882, 28 март дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид, ки дар кори он аз 317 нафар вакилон 288 нафар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии ВМКБ рақами 1 пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи аъзои комиссия, тартиби баргузории интихобот ва шароити мавҷуда, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рақами 1 ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Атобек Шараф Броимбек баромад намуд.
Мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзавии интихоботии бисёрмандатии ВМКБ, рақами 1 таъсис дода шуд.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ мутобиқи моддаи 43-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуда, вакилон ба таври пинҳонӣ ба номзадҳо овоз доданд.
Тибқи тартиби мақарраргардида интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи вакилони вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид ва ширкаткунандагон ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз доданд.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард.
Дар натиҷаи овоздиҳии вакилони халқ, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабзода Зунайда Абунаср, раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо ва раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар аъзоёни тозаинтихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимоду боварӣ ва интихоб ба вазифаи пурмасъулияту сипосгузорӣ намуда, зикр доштанд, ки донишу малака ва таҷрибаи худро баҳри пешрафти ҷомеа, ободониву созандагӣ, рушду нумуи диёр ва беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии сокинон равона хоҳанд намуд.




