Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

БАДАХШОН. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввали он иҷро намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ раҳпаймоҳии оммавӣ, бо иштироки қишри васеи ҷомеа, афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақари вилоят, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, устодону донишҷуён, собиқадорон, ҷавонону занон баргузор гардид.

Зимни баромади худ, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки ғоз аз соли 2018 то ин ҷониб ВМКБ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусалаҳро дар рӯзи нахустин иҷро менамояд.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба комёбиямон дар ин маврид мусоидат менамояд, ин пеш аз ҳама, сиёсати ватанпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз тавассути фаъолияти хастанопазири Роҳбари Давлат, дар тӯли 34 соли Истиқлол Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як рукни устувори давлатдорӣ, сипари муътамад ва муҳофизи воқеии дастовардҳои тарихию музаффариятҳои беназири замони соҳибистиқлолии миллат табдил ёфтанд.

Мо борҳо шоҳиди он будем, ки фарзандони диловари мо аз худ қаҳрамонӣ нишон дода, дар дифоъи сарҳад, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ мардонагӣ нишон дода, соҳиби мукофотҳои баланди давлатӣ гардиданд.

Хурсандиовар он аст, ки зодагони Бадахшон, дар қатори дигар ҳаммилатону ҳамватанони худ, бо иродаи қавӣ ва қалби саршор аз муҳаббат ба Ватан, рисолати хешро сарбаландона иҷро мекунанд.

Ҳунармандони аҳли фарҳанги вилоят беҳтарин барномаи консертиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардониданд.