Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 

Санаи 1 апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ машварати назоратии баргузор гардид.

Дар машварати назорати муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо иштирок доштанд.

Дар кори машварат масъалаҳои ҷорӣ аз қабилӣ омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа муарифии кадрҳои навтаъин баррасӣ гардид.

Хуҷамзода Гулнора аз сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар ба ин вазифа таъин гардиданд. Инчунин Мусоев Суҳроб аз сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази илмии кишоварзии Помир АИКТ озод гардида, Давлатбек Суҳайло Худоёрбек ба вазифаи мазкур таъин гардиданд.