ЛИГАИ ВОЛЕЙБОЛИ ВМКБ БАЙНИ МАРДОН АЗ МОҲИ АПРЕЛ ТО МОҲИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
Бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят бахусус Раиси Федератсияи волейбол, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ лигаи волейболи вилоят байни мардон ташкил гардида аз моҳи апрел бозиҳо байни дастаҳо оғоз гардиданд.
Бо иштироки раиси Федератсияи волейболи вилоят, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ имрӯз дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ лигаи волейболи вилоят оғоз гардида дар он 11 даста аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ДОМ, Литсей барои хонандагон болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва раёсати тандурустӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрони раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз дастовардҳои соҳаи варзиш бахусус волейбол ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст лигаи волейбол дар вилоят таъсис дода шуд. Мусобиқаҳо аз моҳи апрел оғоз гардида то охири соли равон ҷамъбаст мегарданд.







