Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Дар ноҳияи Рушон боғи нав бунёд гардид

Дар доираи амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вусъати тоза пайдо намуданд.

Дар ин росто, санаи 5 апрели соли равон дар ноҳияи Рушон Ҷамоати Н. Додхудоев бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1 гектар боғи нав бунёд гардид.

Дар дохили боғи навбунёд дарахтони себ, зардолу, нок, олучабандак шинонда шуд.

Сокинони ноҳияи Рушон низ дар баробари кормандони мақомот як дилона дар бунёди боғ меҳнат намуда барои чунин иқдомҳои неки Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуданд.

Дар суҳбат бо сокинони ноҳия, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати вилоят бараъло эҳсос карда мешавад. Танҳо дар се сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 300 гектар боғ бунёд гардид.

Бо дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар ноҳия иншооти замонавӣ ва баландошёна сохта шуда истоданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.