Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Натиҷагирӣ аз се моҳи аввали соли 2025

Имрӯз, 8 апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати васеи назди Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.
Дар машварат “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои марҳилаи дар пешистодаи соли равон” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Нахуст, вобаста ба масъала ҳисоботи муовини Раиси вилоят Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ахборот дод. Зикр гардид, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи даромади худӣ ба андозаи 110,0 фоиз таъмин гардид. Соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рушд ёфта дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар вилоят 45,8 млн. сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 15,9 фоиз ё ин ки 6,3 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда дар соҳаи сохтмон 207,5 млн сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024, 98,4 млн сомонӣ ё 90 фоиз зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 197,5 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 93,8 млн сомонӣ, ё 90 фоиз зиёд мебошад.

Вобаста ба соҳаи кишоварзӣ зикр карда шуд, ки ин соҳаи муҳим дар вилоят рушд намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 83,3 млн сомониро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, муовини раиси вилоят вобаста ба дастовардҳои соҳаҳои маорифи, тандурустӣ, ҷавонон, фарҳангу сайёҳӣ ва занон баромад намуданд.
Инчунин раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаста ба дастовардҳои се моҳи аввали соли 2025 баромад намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи диёр, ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, вобаста ба нақшаҳои минбаъда ахборот доданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти маориф, иҷрои нақшаву уҳдадориҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо муҳаббат ва садоқату боварӣ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам ободу сарсабз гардидани диёри азизамон, пешгирии ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ саъю талоши комил менамоянд.