НОМАИ ТАБРИКОТИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МИРЗОНАБОТ АЛИШЕР ХУДОБЕРДӢ
Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо камоли эҳтиром Шуморо ҷиҳати интихоб гардидан ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, ба Шумо дар ин вазифаи пурифтихор комёбиҳои беназирро таманно менамояд.
Шоистаи қайд аст, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо имрӯз ба сифати мақоми олии қонунбарор нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гашта, нақши Шумо дар ташаккули парламентаризми касбӣ бузург арзёбӣ мегардад.
Зимнан зикр бояд кард, ки сокинони кишвар имрӯз Шуморо чун сиёсатмадори арзанда, пайрави асили Пешвои муаззами миллат, шахсияти созандаву бунёдкор мешиносанд ва эътирофу эҳтиром менамоянд.
Қаноатмандона тазакур бояд дод, ки саҳми Шумо дар пешбурди сиёсати хирмадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Бояд зикр кард, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишвари азизамон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаатон бархурдор буда, мардуми шарифи бадахшонзамин амиқан аз хизмати Шумо сипосгузор мебошанд.
Эътимоди комил дорем, ки дар заминаи донишҳои васеъ, таҷрибаи комил ва ақлу заковати амиқ Шумо минбаъд низ тамоми неруятонро барои боз ҳам рушду равнақ додани Тоҷикистони азиз сафарбар хоҳед намуд.
Бо ин ниятҳои нек, бори дигар Шуморо муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати интихоб гаштан ба ин мансаби баланд, шахсан аз номи худам ва аз номи сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табрик гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳои навро таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи сиёсиатон пешравиҳои бузург хоҳонем.



