Зиёда аз даҳ ҳазор дарахти сояафкан дар ноҳияи Мурғоб шинонда шуд
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони азиз санаи 18 апрели соли равон дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния даҳ гектар боғи нав бунёд гардид. Дар боғи навбунёд зиёда аз даҳ ҳазор дарахтони сояафкан шинонда шуданд. Зимни мулоқот бо сокинони ноҳия раиси вилоят аз дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат нисбати ноҳияи Мурғоб ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби овозадор корҳои ободониву созандагӣ ва буёдкорӣ зиёд гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст.
Дар бунёди боғи мазкур тамоми идораву муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳия иштирок доштанд.
Сокинони ноҳияи Мурғоб, ки як дилона дар бунёди боғ меҳнат намудаанд, барои чунин иқдомҳои неки Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуданд.




