Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи М. Назаров соҳиби ҷойи аввал гардид
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди фарҳангу маданияти қадимаи халқи тоҷик, аз ҷумла театр тадбирҳои муассир андешида шуда, муҳити эҷодии созгор барои ҳунармандон фароҳам оварда шуд.
Дар баробари бунёду барқарорсозии иншооти дигари фарҳангӣ, сохтмони театрҳои касбӣ рӯйи кор омад, ки театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғро метавон намунаи олии гуфтаҳои боло арзёбӣ кард.
Маҳз чунин дастгириҳо ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи фарҳанг аст, ки имрӯз кормандони театри вилоятӣ ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо лаҳни баланди сухандонию суханварии хеш берун аз ҷумҳурӣ низ шуҳрат пайдо намуда, бо асарҳои пурмазмуну дорои ғояи баланди ватандӯстӣ баромаду дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Парасту” иштирок менамоянд.
Дар асоси нақша – чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14 то 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту-2025” баргузор гардид. Мақсади баргузории ин фестивал-озмун рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон ва бастакорон мебошад.
Дар озмуни мазкур ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоишномаи “Ял” дар асоси “Шоҳнома”- и Абулқосими Фирдавсӣ достони “Разми Исфандиёр бо Рустам” иштирок намуда , сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин дастоварди навбатии аҳлии фарҳагро ба кулии ҳунармандон ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, самимона табрик намуда, дар ин ҷода бо санъаткорон парвози баланди эҷодӣ, сарбаландӣ ва дар корҳои минбаъда тавфиқу барор орзу менамояд.
Итминон аст, ки ҳунармандони театри вилоятӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, саҳнаи театро бо асарҳои баландмазмуну тарбиявӣ минбаъд низ оро хоҳанд дод.



