ЭСТАФЕТАИ 80- СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, санае, ки на танҳо таърихи башариятро дигаргун кард, балки намунани олии шуҷоат, иттифоқ ва ҷоннисории халқҳо гардидааст, Эстафетаи Ғалабаро маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ қабул намуд.
Эстафетае, ки аз насл ба насл, аз дил ба дил ва аз хотира ба амал мегузарад. Маҳз бо пуштибонӣ ва сиёсати инсондӯстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол муносибатҳои дӯстонаро бо тамоми давлатҳои дунё дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, чорабинии баргузоршуда низ заминаи муносибатҳои ҳамҷавории кишварҳои аъзои ИДМ арзёбӣ карда шуд. Ин руйдоди таърихӣ бо қарори Шурои фармондеҳони Қушунҳои сарҳадиии кишварҳои аъзои ИДМ роҳандозӣ шуда, имрӯз дар ҳузури намояндагони Қушунҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ Эстафетаи Ғалаба вориди шаҳри Хоруғ гардид.
Пас аз гузоштани гулчанбар бар пояи муҷассамаи “Аскари номаълум” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба сухан баромада, меҳмононро ба ВМКБ ва маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ хайра мақдам гуфта, иқдоми имрӯзаро идомаи мантиқии муносибатҳои неки дӯстона ва дипломатӣ миёни давлатҳои аъзои ИДМ арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад, ки ин сана низ аз ҷумлаи онҳост.
Тоҷикистон ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ҳамеша ҷонибдори сулҳ, дустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ равобиташро бо Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳои аъзои ИДМ таҳким мебахшад. Ин таҷриба ба як пояи муҳими дипломатияи башардустона ва шарикии стратегӣ табдил ёфтааст,-қайд гардид зимни суханронии роҳбари гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гелмонов Рим Равеливич.
Дар суханронии роҳбари гуруҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назарзода Турабек Камол қайд карда шуд, ки иштирок дар ҶБВ ва бо муваффақият баргаштан ба хоки муқаддаси кишвар дастоварди арзишмандтарин маҳсуб меёбад ва он родмардоне, ки бо шабзиндадориҳои онҳо имрӯз мо ҳаёти осуда дорем, қаҳрамонони асосии чорабинии баргузоргардида маҳсуб мешаванд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамзамон раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Мамаднасим Гавҳаров, хонандагон ва дигар иштирокдорон баромад карда, зери шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, сухан ронданд.
Ба хотири боз ҳам пурушкуҳ намудани чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҷамъомадагон гардид.




