Тағйироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ
Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаи тағйироти кадрӣ дар вилоят баррасӣ гардид.
Суриев Оризу Акрамбекович ба мансаби мудири Бахши Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ВМКБ ва Мардонов Аюбхон Мардонович иҷрокунандаи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ таъин гардиданд.
Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кадрҳои тозатаъйинро барои интихоб гардиданашон ба ин вазифаи пурмаҳсул табрик намуда, барои хизмати содиқона ба халқу Ватан дастуру супоришҳои судманд доданд.




