Номаи табрикотии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони арҷманд!
Имрӯз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор доранд.
Ба ифтихори ин ҷашн, кулли ҷавонони кишварро ба муносибати “Рӯзи ҷавонон” самимона табрик гуфта, барояшон хушбахтию сарфарозӣ, рӯзгори неку осуда, хонаи обод ва сарбаландиро таманно дорем.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон равона гардида, имрӯз фаъолият ва саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бараъло эҳсос мегардад.
Воқеан имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардидаанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Зеро имрӯз Тоҷикистони мо аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавононро дар раванди ободкорию созандагӣ ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар намудани шароити таҳсилу касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироагадидаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2024 қайд доштанд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.
Мо бо ҷавонони худ ифтихор дорем ва баҳри бартараф намудани мушкилоти онҳо, сохта ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ баҳри ҳидоят сохтани онҳо ба ҳаёти солим минбаъд низ тамоми тадбирҳоро равона хоҳем кард. Ифтихор аз он дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати зиёд доранд, бо арзишҳои муқаддаси миллӣ арҷгузор мебошанд ва содиқонаву софдилона барои халқу миллат хизмат намуда истодаанд.
Бо изҳори чунин ниятҳои нек бори дигар кулли ҷавонони Тоҷикистони азизро ба муносибаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо ва умуман тоҷикистониён сулҳу оромӣ, бахту иқбол, баракати рӯзгор ва осмони ҳамеша софи Ватанро таманно дорам.
Рӯзи ҷавонон муборак!



