Бозии нахустини лигаи футболи вилоят доир гардид
Шоми дирӯз , 22 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мусобиқаи футбол байни дастаҳои “Ҳулбук” – и ноҳияи Восеъ ва “Помири” Бадахшон баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур тибқи дастури Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешорӯи Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардида, ҳаводорони ва мухлисони бозии рақами яки ҷаҳонро ба ҳам овард.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар оғози чорабинӣ ҳамагонро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол, оғози лигаи футболи вилоят таҳният гуфта, зикр кард, ки маҳз бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи миллӣ дар саросари Тоҷикистон, минҷумла вилоят рӯ ба инкишоф ниҳода, тими якачини ВМКБ ташкил гардид.
Гуфта шуд, ки қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани 25 – май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол саҳифаи наверо дар шаҳкитоби таърихи навини давлатдории мо, аз ҷумла, таърихи варзиши он кушод.
Дар заминаи рушди варзиш, тайи се соли охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят варзишгоҳҳои калон, даҳҳо майдону майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, бештари онҳо барои футбол, аз он ҷумла футболи хурду футзал мутобиқ гардонда шудаанд.
Сипас, ҳар ду даста бо маҳорати баланди варзишӣ табъи мухлисонро шод гардонанд.
Мусобиқа бо ғолибияти дастаи “Ҳулбук” – и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2 бар 0 анҷом пазируфт.




