Ҷаласаи Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон дар ВМКБ
Санаи 23 майи соли равон дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҳайати расмиро таҳти навои созу мусиқӣ таълимгирандагони мактаби санъати шаҳри Хоруғ истиқбол гирифтанд.
Бо ворид гардидан ба даромадгоҳи бино раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва роҳбарияти шаҳр аз дастовардҳои ҷавонону варзишгарони вилоят дидан намуда, ба дастовардҳои варзишии варзишгарон баҳои баланд дода, нақши онҳоро дар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш муҳим арзёбӣ намуданд.
Шӯрои маҳалли кор бо ҷавонони назди раиси вилоят бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, пас аз баррасии рӯзномаи он котиби Шуро-сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Амирҷонзода Солеҳҷон оид ба натиҷаҳои фаъолияти шуъро дар панҷ моҳи соли 2025 ҳисобот дод.
Гуфта шуд, ки дар се моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 167 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 43 ҳазору 990 нафар гузаронда шуданд. Варзишгарони вилоят давоми давраи ҳисоботӣ дар 7 адад мусоибақаои байналмилалӣ, 3 адад муобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 4 чемпионати ҷаҳон ширкат варзида, 4 медали тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷиро ба даст оварданд.
Ҳамзамон вобаста ба таъсиси Лигаи футболу волейбол дар вилоят ва фаъолияти пурсамари федератсияи намудҳои гуногуни варзишӣ сухан карда, онро омили муҳими мусоидаткунанда ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи варзиш унвон кард.
Дар идома нақшаи кории Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон дар назди раиси вилоят барои нимсолаи дуюм тасдиқ гардид.
Аз аҳли толор Шаҳина Мабатқадамова-доранади Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баромад намуда, ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мавҷуда барои таҳсилу фароғати наврасону ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннтадорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, Ясмина Алидодова-бонуи варзишгар ва Шавқат Смоилбекова-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ вобаста ба саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар сухан карданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ кори Шӯрои маҳалии кор бо ҷавононро ҷамъбаст намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ташаббукскору фаъол бошанд. Имрӯз барои таҳсил ва фаъолияти наврасону ҷавонон аз ҷониби роҳбаритяи давлату Ҳукумати кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Шумо-ояндсозонро танҳо зарур аст, ки аз он самаранок истифода баред.
Аз аъзоёни Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон дар назди раиси вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми он масъалаҳое, ки дар нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм ворид гардиааст дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор карда шаванд.




