31 –умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти милллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
31 –умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти милллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида 31-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро бо 31 –умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатиии амнияти милллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.
Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису ташаккул ёфта, шароити мусоид барои афсарону сарбозон фароҳам оварда шудааст.
Таҳкурсии кадрии ин ниҳоди муҳофизи марзу буми кишвар низ таҳким ёфта, дар сафи он айни ҳол кадрҳои дорои дониши амиқи касбӣ ва таҷрибаи бойи роҳбарӣ содиқона хизмат намуда истодаанд.
Метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо малакаю маҳорат, кордонӣ ва нерӯмандиву шуҷоати хеш аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, баҳри ҳимояи сарҳади давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ далерона қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.
Дар тули 31 соли фаъолияти кории ин ниҳоди муҳими давлат, ҳазорон нафар афсару сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ зимни адои вазифаи хизматӣ, яъне ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан, пешгирӣ намудан аз ҳамагуна амалҳои номатлуби хатарнок, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад, ҳамчунин, таъмини суботи ҷамъиятӣ, қаҳрамониву фидокории бемисл нишон доданд.
Даҳҳо ҷонфидои миллат, дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, мутаассифона, ҷони худро қурбон карданд.
Қайд шуд, ки ҷавонони баору номуси вилоят давоми чанд соли охир бо дарки баланди масъулият ва худшиносии миллӣ ҳурмату эҳтиром ба арзишҳои баланди ватанпарастӣ нахустин шуда, накшаи даъват ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистон таъмин менамоянд, ки ин мояи ифтихори хурду бузурги вилоят мебошад. Гузашта аз он бештари даъватшудагон худихтиёри ба нуктаҳои хизмат ҳозир шуда, имрӯзҳо беҳтарин сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қувваҳои марзӣ ва ниҳодҳои дигари низоми арзёби карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳимояи марзу буми ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, марзу буми кишвар аз ҷумлаи муқаддасоти миллие мебошанд, ки ҳимоят аз он нангу номуси ватандустӣ ва содиқу вафодор будан ба миллатро тақозо менамояд. Боиси ифтихор ва сарфарозист ки имрӯзҳо ҳазорон фарзандони содиқи Ватан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ сарбаландона адои хизмат намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон сарбаландона масъулияти шаҳрвандиро иҷро менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ, ба иддае аз афсарону сарбозон ва собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ рутбаҳои навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаву сипоснома ва ба собиқадорони ин соҳа тӯҳфаҳои арзишнок дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом аҳли ҳунари вилоят барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин гардонданд.




