Баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат
Субҳи имрӯз, 24 майи соли равон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ишкошим, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз деҳаи Зугванди Поён дидан намуданд.
Раиси вилоят зимни сӯҳбат бо бошандагони деҳаи мазкур аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки бо таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии мамлакат, ВМКБ, бахусус ноҳияи Ишкошим дар ҳамаи соҳаҳо рушд кард.
Деҳаи Зугванди Поён соли гузашта, баъди фуромадани сел дар деҳаи Зугванди Боло, бо дастури Роҳбари давлат, барои сокинони аз офат табиӣ зарардида бунёд гардида, имрӯз дар ин ҷо 13 хоҷагӣ истиқомат мекунанд. Ба деҳа оби ошомиданӣ ва хати барқ кашида шуда, бошандагони он бо тамоми шароити мусоиди зист таъмин карда шуданд.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ барои сокинони деҳа 10 сари моли майда ва гови ширдеҳ барои пешбурди рӯзгорашон дастрас карда шуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз сокинони деҳа даъват ба амал овард, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро гузоранд.
Сокинони деҳаи Зугванди Поён дар навбати худ миннатдории самимонаи худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории падарона ва дастгириҳои рӯзафзун баён намуданд.




