Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон 26.06.2025

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинону аҳли фарҳанги ноҳия самимона ва бо шодиву сурур истиқбол гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки ноҳияи Рӯшон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушду пешрафти назаррас ноил гардидааст ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар сатҳи зиндагии сокинонаш сол аз сол беҳтар мегардад.