Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Машварати васеи назди раиси вилоят

Машварати васеи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма доир гардид, ки дар ҷараёни он ду масъалаи асосӣ мавриди таҳилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Кори машваратро раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ оғоз бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи он шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи якуми баррасишаванда рафти иҷрои қарори раиси вилоят аз 6-уми майи соли 2021 №103 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021 №116 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Ҳабибулло ахборот дод. Гуфта шуд, ки мақсади асосии қабули барнома баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тарбия ва рушди экологӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ унвон мешавад. Дар робита ба ин ҳафтае як маротиба мутахассисон тариқи ВАО баромад намуда, бо ҳамин роҳ ба мардум муносибати дуруст бо боигариҳои табиат ва тозагии гирду атроф мефаҳмонанд. Баргузории аксияи “Тозагии соҳил ва шоҳроҳ” бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми қаламрави вилоят он доир карда мешавад. Чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, баргузории конфронсҳову мизҳои мудаввар аз иқдомҳои дигар дар самти амалӣ намудани барнома унвон мешавад.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни таҳлили ин масъала изҳор намуд, ки давоми се соли охир дар ҳудуди ВМКБ қариб 300 гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд шуда, 80 фоизашон нашъунамои хуб доранд, ки ин омил ҳам метавонад ба баланд рафтани сатҳи маърифати экологии сокинон таъсири мусбӣ расонад. Роҳбари вилоят дар ин зимн таваҷҷӯҳи раисони шаҳру ноҳияҳоро ба хотима бахшидан ба буридани дарахтони сабз равона намуд.
Масъалаи дуюми рӯзномаи машварат “Рафти иҷрои қарори раиси вилоят аз 12-уми соли 2021 №70 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030”-ро сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Додихудо Фаррух Муборакшо мавриди баррасӣ қарор дод.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳангоми таҳлили ин масъала изҳор намуданд, ки норасоии кадрҳои тиббӣ қабл аз ҳама дар ҳар як шаҳру ноҳия бояд аз ҳисоби кадрҳои худи ҳамон маҳал, ки дар донишгоҳҳои тибии ҳудуди кишвар таҳсили илм доранд, таъмин карда шаванд. Аз роҳбарияти Раёсати тандурустии ВМКБ тақозо карда шуд, ки бо беморон муносибати хуб намоянд ва ба қасами худ содиқ монанд.
Роҳбари вилоят кори машваратро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни ваҳдати умуми ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардиданд, ба кулли мардуми вилоят арзи сипосу миннтадорӣ баён карданд.
Аз ҷониби раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ супоришҳои оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, зимистонгузаронӣ, таъмири муассисаҳои таълимиву томактабӣ, баргузории форуми “Помиринвест” ва форуми сайёҳӣ, иҷрои дурнамои кишт ва дигар масъалаҳои рӯз дода шуда, аз масъулин ҷиҳати дар мӯҳлати муайяншуда иҷро намудани онҳо масъулияти ҷиддӣ тақозо карда шуд.