ОМОДАГӢ БА ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПОМИР – ИНВЕСТ 2025» ВА ТАЪИНОТИ КАДРӢ
Дар ҷаласаи навбатии назди Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон масъалаи баргузории Форуми байналмилали “Помир Инвест 2025” ва таъиноти кадрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилали “Помир Инвест 2025” ахборот дода, гуфт, ки дар баъзе самтҳо як қатор корҳо ба анҷом расиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ диққати масъулини дахлдорро баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ ҷалб намуда, қайд кард, ки дар самти бартараф кардани мушкилиҳои ҷузъӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Раиси вилоят ҳамчунин бобати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳангоми ташрифи меҳмонон, буду бошӣ онҳо, омода кардани барномаи фарҳангӣ, таъмин намудани нақлиёт барои ҳамлу нақли иштирокчиёни форум ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаи таъиноти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баррасӣ гардид.
Дар асоси қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадназарбекова Сабзина ба мансаби сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят, Навҷувонова Муяссара ба мансаби сармутахассиси шуъбаи сайёҳии вилоят, Мамаддодов Алиакбар ба мансаби сармутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят, Шомансурова Назира ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят, Гуламадшоева Гавҳар ба мансаби мутахассиси пешбари бахши бойгонии вилоят ва Диловарова Гулнигин ба мансаби мутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят таъин гардиданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ кадрҳои навтаъинро бо масъулияти навбатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд.






