Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст гардиданд

 

Ба ин муносибат дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ маросими бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври вилоятӣ баргузор шуд.

 

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худоберди чорбиниро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки чанд рӯз пеш мо шоҳиди боз як воқеаи муҳимми сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ, яъне ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ гардидем, ки барои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи  вилоят   заминаи нави   мустаҳкамро фароҳам овард.

Руҳияи мардум басо баланд  гарида, ҳамагонро барои фатҳи қуллаҳои нави меҳнатию эҷодӣ раҳнамун сохт.

Ташрифи навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва таҷлил аз 28 –умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки дар фазои сулҳу ваҳдати комили миллӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва созандагию бунёдкорӣ баргузор гардида, даҳҳо иншооти муҳимми таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба тантанаи музаффариятҳои бузуруги мардуми заҳматкаши вилоят таҳти сиёсати оқилонаи Роҳбари Олии мамлакат табдил ёфт.

То ҳанӯз кулли мардуми шарафманди Ватани маҳбубамон  – Тоҷикистони азиз, минҷумла, сокинони Бадахшон таҳти таассуроти амиқи чорабиниҳои ҷашнӣ, махсусан қабулу мулоқоти Пешвои муаззами миллат ва гусели меҳмони олиқадр қарор доранд.

Сокинони сарбаланди вилоят бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаю фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат тавонистанд, ин чорабиниро дар сатҳи олии сиёсию маърифатӣ ва фарҳангӣ доир намоянд

Раиси вилоят дар баромади худ қайд дошт, ки  баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” бо ибтикор ва сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Оли  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир ба ҳукми анъана даромада, тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯз дар онҳо иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон дода истодаанд.

Тавре аз таҳлилҳои солҳои охир бармеояд, доир гардидани чунин чорабиниҳо на танҳо барои боло бурдани маънавиёти мардум такони ҷиддӣ мебахшанд, балки барои рушду тараққиёти босуботи давлат низ муосидат менамоянд.

Бахусус, иштироки наврасону ҷавонон, минҷумла тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, шогирдони муассисаҳои олии касбӣ, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо мебошад, мояи ифтихор ва ҷонибдорӣ мебошад.       Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” аз иқдоми шоистаи фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, имрӯз он ба майдони бузурги санъату ҳунар ва эҷод табдил ёфта, барои ҳифз ва нигаҳдории фарҳанги асил ва бостонии миллати бузурги тоҷик заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст.

Гуфта шуд, ки  соли ҷорӣ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” довталабон аз  рӯйи ҳашт номина иштирок намуда,  70 нафар ба даври ҷамъбасти роҳхат пайдо намуданд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ғолибони озмунҳои мазкур ва иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини консертии омоданамудаи  ғолибони озмун  манзури ҳозирин карда шуд.