ВМКБ. КОНФРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ ТОҶИКОН-ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”
ВМКБ. КОНФРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ ТОҶИКОН-ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”
Бахшида ба 28 – солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ- маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон, Муҳиддин Пайшанбезода- Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Рудобаи Мукаррам-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ноиби Президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён ва директори Муассисаи нашриявии “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода конфренсияи ҷумшуриявӣ таҳти унвони “Пешвои муаззами тоҷикон-ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи театри вилоятӣ меҳмононро аҳли санати вилоят зери навои Ваҳдат пешвоз гирифта, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан карданд.
Бо ворид гардидани ҳайати расмӣ ба толор конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои муаззами тоҷикон-ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ”, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ доир гардид, ба кори худ шуруъ намуд.
Муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми баргузории як чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ ба дастандаркорони он арзи сипосу миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки мардуми шарафманду сипосгузори ВМКБ ҳанӯз зери таассуроти амиқ аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Хурду бузурги ин минтақаи кӯҳистони кишвар саҳми Пешвои муаззами миллатро дар барқарорсозии суботу оромии кишвар хуб дарк намуда, сиёсати пешгирифтаи роҳбари хирдапешаи тоҷиконро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ба бахти миллати тоҷик ва бо ҳукми тақдир дар он давраи ниҳоят вазнини таърихӣ, ки ҳастии миллат ва якпорчагии давлат зери суол гузошта шуда буд, ба мо насиб гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсат омада, роҳбарии давлату миллатро ба дӯши худ гирад.
Дар ҷараёни кори конфронс Муҳиддин Пайшанбезода-Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушдӣ иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-сароғози мактаби давлатсозии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Рудобаи Мукаррам-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, ноиби Президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзӯи “Моҳияти илмию таърихии паёми “Ман ба Шумо сулҳ меорам”-и Пешвои миллат” ва директори Муассисаи нашриявии “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода дар мавзӯи “Пешвои миллат-поягузори фарҳанги сулҳи устувор” маърӯзаҳоро ба самъи аҳли толор расонданд.
Дар ҳар як баромади маърӯзачиён аз заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ сухан рафт. Таъкид карда шуд, ки тайи солҳои арзи ҳастӣ намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои беосбиқа ноил гардида, барои сокинони он шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Имрӯз халқи саодатманди тоҷик дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамаҳои устувор пеш меравад.
Дар охир зумрае аз кормандон, соҳибкорон ва собиқадорон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадр карда шуданд.




