Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 6 моҳи соли 2025

Дар машварати васеи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаи “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2025 ва муайяну мушаххас намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюм” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи баррасишавандаи рӯзномаи машварат муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо  ахборот манзур намуд.
Гуфта шуд, ки давоми давраи ҳисоботӣ рушди иқтисодии вилоят марҳила ба марҳила афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он ба як фард дар вилоят 3 ҳазору 712 сомонӣ рост меояд. Суръати афзоиш дар минтақаҳо нисбати ҳамин давраи соли 2024 108 фоиз ва ҳиссаи нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақаҳо 1,2 фоиз арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 85,1 миллион сомониро ташкил дода, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли гузашта 2,9 фоиз зиёд гардидааст.
Ба гуфтаи муовини раиси вилоят ҳаҷми буҷети вилоят ҳамасола афзоиш ёфта, дар шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет ба ҷойи 132,8 миллион сомонии нақшавӣ 139,6 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 9 ҳазору 839 нафар баробар гардида, аз ҳисоби фаъолияташон маблағи зиёда аз 6 миллиону 928,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Гуфта шуд, ки айни замон дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағи азхудшуда ба ҳолати имрӯза 217,1 миллион доллар ё 76,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” шумораи таҷҳизоти электронӣ дар нисмолаи аввали соли 2025 ба 1 ҳазору 351 адад расонда шуда, тавассути онҳо 760 ҳазору 652 амалиёт ба маблағи 580,7 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи шумораи амалиёт 18 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми маблағҳои гузаронидашуда 32 фоиз афзоиш ёфтанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” танҳо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ  бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сафари роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  33 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 264 адад ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар онҳо 14 номгуйи маҳсулот истеҳсол мегардад. Давоми шаш моҳи соли равон теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар ВМКБ ба 182 адад баробар гардид, ки давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмуӯъ дар вилоят 45 адад корхонаву коргоҳҳо бо 360 ҷойҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми давраи ҳисоботӣ 225,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 миллион сомонӣ зиёд гардидаст ва афзоиши он 3,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар нисмолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 91,5 га боғҳои нав бунёд гардидааст, ки нисбат ба давраи муқоисавии як соли пеш 57,2 га зиёд мебошад.
Зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи соҳаҳои иҷтимоии ВМКБ муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои таъмир ва сохтмони 51 адад иншоот , аз ҷумла 18 бинои муассисаи таълимӣ, 28 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо ҷалби маблағи умумии зиёда аз 89 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ идома дода шуд.  Вобаста ба беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар вилоят гуфта шуд, ки ба ҳолати имрӯза сохтмони 3 адад бунгоҳи тиббӣ ва 5 муассисаи табобатӣ идома дошта, дар 9 адад бунгоҳҳои таиббӣ  таъмири  асосӣ рафта истодааст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз роҳҳои беҳтарин баланд бардоштани даромаднокии буҷети маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ танҳо давоми шаш моҳи соли равон 17 ҳазору 921 нафар сайёҳ ба Бадахшон ворид гардида, аз маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва чашмаҳои шифобахши он дидан карданд.
Пас аз пешниҳоди ахборот пурра оид ба фаъолияти МИҲД-и ВМКБ давоми нимсолаи якуми соли 2025 раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Хуобердӣ дар алоҳидагӣ аз тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо пурсиш ба амал овард.
Дар ҷараёни кори машварат ҳамзамон раисони шаҳру ноҳияҳо оиди фаъолияти нимсола ахборот пешниҳод намуда, аз нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти кориашон сухан карданд.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ҷамъбасти кори машварат аз тамоми расиони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал овард, ки ба хотири истиқболи сазвор аз ҷашни 35-солгаии Истиқлоли давлатӣ дар ҳар як деҳа бояд бунёди як адад иншоот ба нақша гирифта шавад. Ҳамзамон, зарур аст, ки корҳои ободониву созандагиро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат бахшида, бо такя ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша симои ҳар як гӯшаи диёрро боз ҳам зеботар намоянд.
Роҳбари вилоят изҳор доштанд, ки ҳамаи мо ҷиҳати  амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки ҳангоми мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд ва нуқтаҳои Паёми соли 2024-уми роҳбари давлат вазифадор ҳастем. Маҳз аз ҳамин хотир моро зарур аст, ки корро аз пештара дида беҳтару самараноктар ба роҳ монем, то соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррасу арзанда аз солҳои қаблӣ ҷамъбаст намоем.